Душанбе, 17 ноябр, – АИ «Корвон Иттилоот». 14 ноябри соли 2025 дар Муассисаи давлатии «Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат» дар шаҳри Бӯстон ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иҷлосияи тақдирсоз — 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии сиёсӣ-фарҳангӣ баргузор гардид. Дар он муовини якуми Раиси шаҳри Бӯстон Яқубзода Баҳодур Қурбон, омӯзгорон ва хонандагон иштирок карданд.

Чорабинӣ бо ворид шудани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба толор ва садо додани Суруди миллӣ оғоз ёфт. Баъдан муовини якуми Раиси шаҳр табрикоти Раиси шаҳри Бӯстон Фируза Нуруллозода ба муносибати Рӯзи Президент ва Иҷлосияи тақдирсозро ба ҳозирин расонид.
Дар барномаи чорабинӣ омӯзгори пуртаҷриба Кимёхон Охунова саҳнаи ҷолибе аз ҳаёт ва фаъолияти модари меҳрубон ва ғамхори Пешвои миллатро намоиш дод.
Хонандагони синфҳои поёнӣ ва болоӣ бо шеър ва сурудҳои дилангез баромад намуда, табъи ҳозиринро болида намуданд. Ҳамчунин, хонандагон композитсияи сиёсӣ-фарҳангӣ намоиш доданд ва дар ҷараёни он асарҳои Пешвои миллатро муаррифӣ карданд. Гурӯҳи хорсароёни муассиса бо суруди «Пешвои мо — ифтихори мо» баромад карданд, ки ба фазои чорабинӣ ҳусни хос зам намуд.
Зикр гардид, ки таҷлили Рӯзи Президент дар Тоҷикистон асосан ба хизматҳои арзанда ва нотакрори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида шудааст. Ин равандро метавон дар мисоли Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ хуб мушоҳида кард. Он иҷлосия тавонист шахсияти сиёсиро ба сари ҳокимият биорад, ки барои миллат ва давлат ҳама корро сарфи назар аз хатарҳои ҷиддӣ анҷом медиҳад. Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон баъди интихоб шудан ба Раиси Шӯрои Олӣ тавонистанд кишварро аз вартаи нобудшавӣ эмин дошта, миллати тоҷикро сарҷамъ созанд.

Мусаллам аст, ки нахустин баромади Пешвои миллат аз минбари таърихӣ андешаи миллиро ба вуҷуд овард ва тамоми мардуми кишварро водор сохт, ки танҳо дар бораи манофеи миллӣ фикр кунанд ва манфиатҳои миллатро аз ҳар чизи дигар болотар арзиш диҳанд.
Чорабинӣ дар сатҳи баланд ва бо тартиби хуби сиёсӣ-тарбиявӣ баргузор гардид. Гузаронидани чунин чорабиниҳои сиёсӣ-фарҳангӣ барои тарбияи худшиносӣ ва ватандӯстии насли наврас нақши муҳим дорад ва хонандагонро бо арзишҳои миллӣ ва дастовардҳои давлатдорӣ ошно мекунад.
АКС: АИ «Корвон Иттилоот»
