Раҷаб Аҳмадзода: Ҳифзи соҳили Сирдарё заминаи рушди сайёҳӣ ва муҳити солим мебошад - ИА Караван Инфо
Раҷаб Аҳмадзода: Ҳифзи соҳили Сирдарё заминаи рушди сайёҳӣ ва муҳити солим мебошад

Хуҷанд, 13 июн, – АИ «Корвон Иттилоот». Масъалаҳои ҳифзи муҳити зист, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ва нигоҳдории соҳили дарёи Сирдарё дар меҳвари таваҷҷуҳи роҳбарияти вилояти Суғд қарор гирифтанд. Бо ин мақсад гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо иштироки намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд аз соҳили дарё дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров боздид намуд.

Дар ҷараёни боздид вазъи экологии минтақа, истифодаи заминҳои наздисоҳилӣ ва риояи талаботи қонунгузории экологӣ мавриди омӯзиш қарор гирифт. Натиҷаи мушоҳидаҳо нишон дод, ки дар баъзе мавзеъҳо ҷамъшавии партовҳои маишӣ ва сохтмонӣ, инчунин ҳолатҳои худсарона тағйир додани шакли табиии соҳил тавассути рехтани хок ва ташкили қитъаҳои сунъии замин ба назар мерасад.

Таъкид гардид, ки чунин амалҳо ба ҳолати экологии дарё таъсири манфӣ расонида, боиси ифлосшавии муҳити зист ва халалдор гардидани мувозинати табиӣ мегарданд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода зимни шиносоӣ бо вазъи мавҷуда изҳор дошт, ки дарёи Сирдарё яке аз сарватҳои муҳими табиии минтақа буда, ҳифзи он вазифаи ҳар як шаҳрванд ва сохтори масъул мебошад.

Ба гуфтаи роҳбари вилоят, соҳили тоза ва обод на танҳо барои ҳифзи муҳити зист, балки барои рушди соҳаи сайёҳӣ, фароҳамсозии шароити муносиби истироҳат ва ҷалби меҳмонони дохиливу хориҷӣ аҳамияти калон дорад.

Дар натиҷаи боздид ба мақомоти маҳаллӣ, сохторҳои ҳифзи муҳити зист ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супориш дода шуд, ки ҷиҳати тоза намудани соҳил аз партовҳо, бартараф кардани ҳолатҳои ғайриқонунии истифодаи заминҳои наздисоҳилӣ ва барқарор намудани ҳолати табиии минтақа чораҳои фаврӣ андешанд.

Ҳамзамон дастур дода шуд, ки корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ ва соҳибкорон тақвият ёфта, назорат аз болои истифодаи ҳудудҳои наздисоҳилӣ пурзӯр карда шавад. Зикр гардид, ки нисбат ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки ба ифлосшавии муҳити зист ва вайрон кардани талаботи қонунгузорӣ роҳ медиҳанд, чораҳои қонунӣ андешида мешаванд.

Дар идомаи сафари корӣ Раиси вилояти Суғд бо фаъолияти осоишгоҳи «Марҳабо» низ шинос гардид. Таъкид шуд, ки ин муассиса намунаи хуби истифодаи самаранок ва мақсадноки заминҳои наздисоҳилӣ буда, барои рушди соҳаи сайёҳӣ ва хизматрасонӣ заминаи мусоид фароҳам овардааст.

Раҷаб Аҳмадзода иброз дошт, ки соҳили дарё бояд пеш аз ҳама барои бунёди иншооти хизматрасонӣ ва сайёҳӣ, аз ҷумла осоишгоҳҳо, истироҳатгоҳҳо, меҳмонхонаҳо, марказҳои солимгардонӣ ва дигар инфрасохтори муосир истифода шавад. Ба гуфтаи ӯ, чунин иншоотҳо дар баробари беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонӣ, ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ, рушди иқтисоди маҳаллӣ ва ҷалби сармоягузорӣ низ мусоидат менамоянд.

Боздиди роҳбарияти вилоят нишон дод, ки ҳифзи муҳити зист ва рушди сайёҳӣ дар Суғд ҳамчун ду самти ба ҳам пайваста арзёбӣ мегарданд. Зеро нигоҳдории соҳили Сирдарё ва истифодаи оқилонаи имкониятҳои он метавонад омили муҳими рушди устувори минтақа ва баланд гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ бошад.

Акс: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд