Душанбе, 02 март, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ барои солҳои 2026–2030» таҳия гардида, дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 27 феврал баргузор шуд, мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ин бора АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.

Қабули ин санад марҳалаи нав дар сиёсати давлатии рақамикунонӣ ба ҳисоб рафта, заминаи институтсионалии гузариш ба иқтисоди муосири рақамиро фароҳам месозад.
Тавре директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ Мирзо Хуршед зимни муаррифии барнома изҳор дошт, санади мазкур масири ояндаи рушди иқтисоди рақамиро тавассути муайян намудани самтҳои афзалиятнок ва вазифаҳои миёнамуҳлат дақиқ ва мушаххас мегардонад.
Барнома на танҳо маҷмӯи тадбирҳо, балки харитаи роҳ барои рақамикунонии низоми идоракунӣ, рушди инфрасохтори иттилоотӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисоди миллӣ мебошад.
Барои татбиқи пурраи барнома 2 миллиарду 366 миллиону 800 ҳазор сомонӣ зарур дониста шудааст. Маблағгузорӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ, бахши хусусӣ ва шарикони рушд амалӣ мегардад.
Ин нишон медиҳад, ки давлат рушди иқтисоди рақамиро на танҳо ҳамчун ташаббуси маъмурӣ, балки ҳамчун лоиҳаи стратегӣ бо иштироки бахши хусусӣ ва шарикони байналмилалӣ арзёбӣ мекунад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вазорату идораҳои дахлдор супориш доданд, ки татбиқи барнома ва нақшаи амалисозии онро таъмин намуда, ҳар сол то 1 март аз натиҷаҳои бадастомада ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод намоянд.
Ин механизми ҳисоботдиҳии солона барои таъмини шаффофият ва назорати мунтазами иҷрои ҳадафҳои стратегӣ замина мегузорад.
Ёдовар мешавем, ки дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 январи соли 2026 ба Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ супориш дода шуд, ки дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор рақамикунонии пурраи хизматрасониҳои давлатиро тавассути махзани ягона ба роҳ монад.
Ҳамзамон, ҷиҳати баланд бардоштани шаффофият бояд низоми рақамии мониторинги хароҷоти буҷети давлатӣ марҳала ба марҳала ҷорӣ карда шавад.
Илова бар ин, ба Агентии мазкур ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ супориш дода шуд, ки низоми ягонаи рақамии мониторинги лоиҳаҳои давлатии сармоягузориро таъсис дода, риояи интизоми молиявӣ ва масъулияти иҷрокунандагонро тақвият бахшанд.
Бо дарназардошти тамоюлҳои ҷаҳонӣ, ки рақамикунонӣ ба омили калидии рушди иқтисод ва самаранокии идоракунӣ табдил ёфтааст, қабули барномаи миёнамуҳлат Тоҷикистонро ба марҳалаи нави ислоҳоти технологӣ ворид месозад.
Рушди инфрасохтори рақамӣ, шаффофияти хароҷоти давлатӣ, такмили низоми идоракунии лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва рақамикунонии хизматрасониҳо — ҳамаи ин нишон медиҳад, ки иқтисоди рақамӣ ҳамчун яке аз пояҳои стратегии рушди миллӣ муайян шудааст.
Акс: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
