Душанбе, 12 сентябр, – АИ «Корвон Иттилоот».Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода 11 сентябр Роҳбари навтаъиншудаи Намояндагии Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон хонум Габриэлла Акимоваро ба ҳузур пазируфт. Ҷонибҳо масъалаҳои мубрами ҳамкории дуҷониба дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва афзалиятҳои Нақшаи кории муштарак барои соли 2027-ро баррасӣ намуданд.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо атрофи масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон ва ЮНИСЕФ дар доираи як қатор барномаҳои афзалиятнок дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, ки ба Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 мутобиқат мекунанд, мубодилаи афкор намуданд.
Раиси Кумита Баҳодур Шерализода хонум Габриэлла Акимоваро ба муносибати таъин гардиданаш ба вазифаи Роҳбари Намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон табрик гуфта, барои ҳамкориҳои пайвастаи фонд бо Кумита дар самти беҳдошти муҳити зист изҳори сипос намуд. Ӯ ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳои минбаъда, бахусус дар самтҳои тағйирёбии иқлим, амнияти экологӣ, инчунин баланд бардоштани маърифати экологии кӯдакону ҷавонон таъкид кард.

Ҷонибҳо ҳамкориҳоро тавассути Маркази миллии иҷрои Конвенсияи Стокголм оид ба ифлоскунандаҳои органикии устувор баррасӣ намуданд. Аз ҷумла, ташаббуси муштарак оид ба истифодаи зеҳни сунъӣ барои харитасозии ифлосшавии хок ва хавфҳои марбут ба пеститсидҳо, бо таваҷҷуҳи махсус ба таъсири эҳтимолии онҳо ба кӯдакон ва ҷомеаҳо, инчунин масъалаҳои таҳияи Саҳми дар сатҳи миллӣ муайяншудаи Тоҷикистон (NDC 3.0) бахусус дар самтҳои кӯдакону ҷавонон, маърифати иқлимӣ ва малакаҳои сабз муҳокима гардиданд.

Мулоқот таваҷҷуҳи муштараки ҷонибҳоро ба рушди ҳамкории амалӣ ҷиҳати ҳифзи муҳити зист ва ташаккули насли аз ҷиҳати экологӣ масъулиятнок дар чорчӯбаи афзалиятҳои стратегии миллии Тоҷикистон тасдиқ намуд.
Акс: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
