Душанбе, 09 июл, – АИ «Корвон Иттилоот». 8 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ташриф оварданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти корхонаи нави истеҳсоли орд барои маҳсулоти макаронӣ дар назди Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ирода Инвест» оғоз бахшиданд.

Корхонаи мазкур дар доираи татбиқи ҳадафи чоруми стратегии кишвар — саноатикунонии босуръат ва бо истифода аз сармояи дохилӣ бунёд гардида, масоҳати умумии он 2500 метри мураббаъро ташкил медиҳад.
Корхонаи нав бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз буда, имконияти коркарди то 200 тонна гандумро дар як шабонарӯз дорад. Дар он бинои осиёб бо маҷмӯи пурраи таҷҳизоти коркарди гандум, анбори нигоҳдории ашёи хом бо ғунҷоиши 600 тонна ва анбори маҳсулоти тайёр сохта шудааст.

Бо ба истифода додани корхона 46 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардида, маоши миёнаи кормандон 3000 сомониро ташкил медиҳад. Ҳамзамон, корхона дорои сехи механикии нав буда, барои эҳтиёҷоти истеҳсолии худ фаъолият менамояд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон инчунин бо намоиши маҳсулоти корхонаҳои саноатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров шинос шуданд.
Дар намоишгоҳ маҳсулоти гуногуни истеҳсоли ватанӣ, аз ҷумла навъҳои гуногуни орд ва маҳсулоти ордӣ, макарон, равғани растанӣ, маҳсулоти парандапарварӣ, тухми мурғ, хӯроки омехтаи чорво, масолеҳи сохтмонӣ ва дигар маҳсулоти саноатӣ ба маъраз гузошта шуд.

Бо тавсияи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳибкор тасмим гирифт, ки аз ҳисоби даромади корхона муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии замонавӣ барои 2500 хонанда бо таҳсил дар ду баст бунёд намояд.
Ҳамзамон, Сарвари давлат тариқи фосилавӣ як қатор иншооти таъйиноти саноатӣ ва иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд.
Нахуст фаъолияти корхонаи ҶДММ «Суғдроҳсоз» дар деҳоти Ғозиён оғоз гардид. Корхона бо технологияи муосир муҷаҳҳаз буда, ба истеҳсоли асфалт, бетон, регу шағал машғул аст. Иқтидори истеҳсолии он дар як соат то 120 тонна асфалт, 120 метри мукааб бетон ва 80 тонна регу шағалро ташкил медиҳад.
Дар корхона 50 сокини маҳаллӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ гардида, маҳсулоти он барои сохтмон ва таҷдиди роҳҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд истифода мешавад.

Инчунин, корхонаи истеҳсоли хишти ҶДММ «Шарифов.Н» дар деҳоти ба номи Додобой Холматов ба истифода дода шуд. Корхона дар як моҳ то 700 ҳазор дона хишт истеҳсол намуда, дар марҳилаи аввал 30 нафарро бо ҷойи кори доимӣ таъмин мекунад.
Муассисаи таҳсилоти томактабии №11 дар деҳоти Унҷӣ низ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Бинои нави кӯдакистон барои қабули 300 кӯдак пешбинӣ шуда, бо шароити муосири таълиму тарбия, толори варзишӣ, утоқҳои омӯзишӣ ва майдончаҳои бозӣ таъмин мебошад.
Дар идомаи сафар бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои нави маъмурии Маркази солимгардонии «Соҳили Унҷӣ» мавриди истифода қарор гирифт.
Марказ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Абдулло Абдуллоев бунёд гардида, барои қабули беморон дорои 50 ҳуҷра, 100 ҷойи хоб ва 30 ҷойи корӣ мебошад.
Дар марказ шуъбаи қабул, ҳуҷраҳои хоб, бахши физиотерапия, утоқҳои асаб, бемориҳои занона ва дилу раг фаъолият мекунанд. Хизматрасонӣ дар он мутобиқ ба стандартҳои муосир ба роҳ монда шудааст.
Сарвари давлат зимни боздид таъкид намуданд, ки ҷалби сармояи хусусӣ ба соҳаи тандурустӣ яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат буда, чунин ташаббусҳо ба беҳтар шудани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ мусоидат менамоянд.
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳамчунин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва дастовардҳои соҳаи аграрӣ дидан карданд.
Дар намоиш маҳсулоти кишоварзони ноҳия, аз ҷумла ғалладонагиҳо, сабзавоту полезӣ, меваҳои тару тоза, маҳсулоти боғдорӣ ва дигар дастовардҳои соҳа пешниҳод гардид.

Зимни боздид ба истифодаи самараноки замин, ҷорӣ намудани технологияҳои муосир, баланд бардоштани ҳаҷми истеҳсол ва таъмини бозор бо маҳсулоти босифати ватанӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки рушди истеҳсолоти ватанӣ, коркарди ашёи хоми маҳаллӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва афзоиши содирот аз самтҳои муҳими сиёсати иқтисодии кишвар ба ҳисоб мераванд.
Дар ин замина ба соҳибкорон барои истифодаи пурраи иқтидорҳои истеҳсолӣ, баланд бардоштани сифати маҳсулот мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ, ҷалби мутахассисони баландихтисос ва саҳми бештар гузоштан дар татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат дастуру тавсияҳои судманд дода шуд.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
