Душанбе, 29 июн, – АИ «Корвон Иттилоот». Қонуни нав, ки аз ҷониби Президенти Русия ба имзо расид, арзиши гирифтани шаҳрвандӣ, иҷозати иқомат ва як қатор хизматрасониҳои муҳоҷиратиро чандин маротиба зиёд мекунад.

Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин қонунеро ба имзо расонд, ки боло бурдани боҷҳои давлатӣ барои шаҳрвандони хориҷиро пешбинӣ мекунад. Меъёрҳои нави пардохт пас аз як моҳи нашри расмии қонун мавриди амал қарор мегиранд.
Тибқи санади қабулшуда, боҷи давлатӣ барои гирифтани шаҳрвандии Русия қариб 12 баробар афзоиш ёфта, аз 4 ҳазору 200 рубл то ба 50 ҳазор рубл мерасад.
Ҳамзамон, арзиши як қатор хизматрасониҳои дигари соҳаи муҳоҷират низ боло бурда мешавад.
Аз ҷумла:
- иҷозат барои иқомати муваққатӣ — то 15 ҳазор рубл (ба ҷойи 1 ҳазору 920 рубл);
- иҷозатномаи иқомати доимӣ — то 30 ҳазор рубл (ба ҷойи 6 ҳазор рубл);
- додан ё тамдиди раводид — то 2 ҳазор рубл (ба ҷойи 1 ҳазору 200 рубл);
- иҷозат барои ҷалби корманди хориҷӣ — 15 ҳазор рубл барои ҳар як корманд.
Қонун ҳамчунин як қатор имтиёзҳоро пешбинӣ мекунад. Аз пардохти боҷи давлатӣ барои гирифтани шаҳрвандии Русия иштирокчиёни барномаи давлатии кӯчонидани ҳамватанон аз ҳисоби шаҳрвандони собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ озод карда мешаванд.
Илова бар ин, аз пардохти ин боҷҳо инчунин шахсоне озод мешаванд, ки тибқи фармони Президенти Федератсияи Русия фаъолияти онҳо ба манфиати Русия арзёбӣ гардидааст.
Боло бурдани боҷҳои давлатӣ идомаи ислоҳоти сиёсати муҳоҷиратии Русия арзёбӣ мешавад, ки солҳои охир ба пурзӯр намудани танзими ҳуқуқии будубоши шаҳрвандони хориҷӣ равона гардидааст.
Барои муҳоҷирони меҳнатӣ, аз ҷумла шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ, тағйироти нав маънои афзоиши хароҷоти расмикунонии мақоми ҳуқуқӣ ва ҳуҷҷатҳои муҳоҷиратиро дорад. Дар айни замон, қонун барои гурӯҳҳои муайяни шахсоне, ки давлат онҳоро дорои аҳамияти махсус медонад, низоми имтиёзнокро нигоҳ медорад, ки аз сиёсати ҳавасмандгардонии категорияҳои алоҳидаи муҳоҷирон шаҳодат медиҳад.
ФОТО: https://dzen.ru
