Душанбе, 26 март, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар Русия раванди тасдиқи созишнома бо Тоҷикистон дар бораи муоинаи тиббии шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки барои фаъолияти меҳнатӣ ба Федератсияи Русия меоянд, ба анҷом расид. Президенти Русия Владимир Путин 23 марти соли 2026 қонуни федералии тасдиқи ин санадро имзо кард.

Созишнома 9 октябри соли 2025 дар Душанбе ба имзо расида, пешбинӣ мекунад, ки шаҳрвандони Тоҷикистон, ки нияти ба Русия барои кор рафтан доранд, дар қаламрави Тоҷикистон дар муассисаҳои аз ҷониби Вазорати тандурустии Русия ваколатдоршуда аз муоинаи тиббӣ мегузаранд. Ин тартиб ба таври пулакӣ анҷом дода шуда, хулосаи додаи муассисаи ваколатдор дар қаламрави Федератсияи Русия эътироф мешавад.
Ҳамчунин дар санад зикр шудааст, ки ҳуҷҷатҳои тиббӣ бо забони русӣ тартиб дода ва пеш бурда мешаванд. Ба арзёбии ҷониби Русия, ин созишнома заминаи ҳуқуқӣ барои муоинаи пешакии тиббии муҳоҷирони меҳнатиро ҳанӯз пеш аз вуруд ба Русия фароҳам меорад.
Дар заминаи васеътар, тасдиқи ин санад марҳилаи нави танзими муҳоҷирати меҳнатӣ миёни ду кишварро таҳким мебахшад ва механизмеро қонунӣ мегардонад, ки назорати тиббиро аз марҳилаи аввал, дар қаламрави кишвари фиристанда, пешбинӣ мекунад. Ин равиш метавонад шаффофият ва пешбинишавандаи қоидаҳои вурудро барои фаъолияти меҳнатӣ бештар кунад.
АКС: https://www.vesti.ru/
