Русия ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи судӣ-ҳуқуқӣ густариш медиҳанд - ИА Караван Инфо
Русия ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи судӣ-ҳуқуқӣ густариш медиҳанд

Остона, 18 ноябри соли 2026-АИ Караван Инфо. Раисони судҳои Олии Русия ва Қазоқистон Игор Краснов ва Асламбек Мергалиев рушди ҳамкории дуҷониба ва баланд бардоштани самаранокии адолатро баррасӣ намуданд.

Ҷониби русия аҳамияти мубодилаи мунтазами таҷриба ва ташаккули фазои ягонаи ҳуқуқӣ, фаҳмо ва бехатарро дар қитъаи авруосиё таъкид намуд.

“Ҳар як вохӯрӣ дар таҳкими ҳамкории судӣ-ҳуқуқии Русия ва Қазоқистон саҳм гузоштааст” – қайд намуд Игор Краснов дар бораи муколамаи мунтазами ду кишвар:”

Дар натиҷаи гуфтушунидҳо барномаи ҳамкорӣ барои солҳои 2027-2028 ба имзо расид. Асламбек Мергалиев инчунин ба ҳамкораш кори суди Олии Қазоқистон ва маркази Вазъиятии назди онро пешниҳод намуд.

 Аксҳо: Сафорати Русия дар Қазоқистон