Душанбе, 15 октябр, – АИ «Корвон Иттилоот». 14 октябр Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд.

Муҳтарам Рустам Эмомалӣ нахуст дар деҳаи Зеви ноҳияи Дарвоз аз Хоҷагии моҳипарварии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Тоҷ-Корея» дидан намуданд. Масоҳати умумии замини хоҷагӣ бо озмоишгоҳ зиёда аз 3 гектарро ташкил дода, иқтидори лоиҳавии он дар марҳилаи аввал истеҳсоли 200 тонна гушти моҳӣ дар як сол мебошад. Ҳавзҳои калони хоҷагӣ ҳоло наздики 100 ҳазор моҳӣ дорад.
Озмоишгоҳи хоҷагӣ бо навтарин таҷҳизоту технологияи истеҳсоли Ҷумҳурии Корея таъмин буда, раванди тухммонӣ ва вазнгирии моҳичаҳо тавассути 30 ҳавзи даврашакл идора мешавад.



Муҳтарам Рустам Эмомалӣ аснои шиносоӣ бо шароити озмоишгоҳ ба кори кормандон ва муассисони хоҷагӣ баҳои баланд доданд. Рушди моҳипарварӣ дар ноҳияҳои баландкӯҳи ВМКБ ба диверсификатсияи иқтисоди минтақа, таъсиси ҷойҳои корӣ ва таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти босифати моҳии истеҳсоли маҳаллӣ мусоидат мекунад.
Акс: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе
