Душанбе, 14 ноябр, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар доираи чорабиниҳои Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 13 ноябр дар шаҳри Душанбе мулоқоти Раиси Маҷлиси милли Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Валентина Матвиенко баргузор гардид.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистону Россияро мавриди баррасӣ қарор дода, таъкид намуданд, ки муносибатҳои байни ду кишвар хусусияти шарикии стратегиию иттифоқиро доранд ва яке аз самтҳои муҳимтарини сиёсати хориҷии ҳарду давлат ба ҳисоб мераванд.
Гуфта шуд, ки муколамаи сиёсӣ дар ҳама сатҳҳо мунтазам рушд меёбад, ва робитаҳои байнипарлумонӣ бо устувории хос пеш мераванд. Ҷонибҳо аз фаъолияти Комиссияи ҳамкорӣ байни Маҷлиси Олӣ ва Шӯрои Федератсияи Россия изҳори қаноатмандӣ намуданд, ки ба густариши ҳамкориҳои байнипарлумонӣ мусоидат мекунад.
Дар ҷараёни мулоқот масоили рушди ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҷонибҳо ба зарурати ҷалби бештари сармоягузориҳои мутақобил ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои саноат, энергетика, нақлиёт ва иқтисоди рақамӣ ишора карданд. Таъкид гардид, ки ҳамкориҳои фаъол дар ин самтҳо ба таҳкими иқтисоди миллӣ ва афзоиши гардиши мол миёни ду кишвар мусоидат менамояд.
Ҳамчунин ҷонибҳо масоили рушди ҳамкориҳои гуманитарӣ дар соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг ва сайёҳиро муҳокима намуданд. Таъкид гардид, ки ҳамкорӣ байни донишгоҳҳо ва марказҳои илмии ду кишвар бояд тақвият ёбад ва барномаҳои мубодилаи фарҳангиву ҷавонон васеъ гарданд.
Ҷонибҳо масоили амният ва мубориза бо таҳдидҳои муосир, аз қабили терроризм, экстремизм ва ҳамлаҳои кибериро низ баррасӣ карданд. Гуфта шуд, ки мавқеи Тоҷикистон ва Россия дар ин самтҳо ба ҳам наздик буда, барои таҳкими ҳамоҳангсозии амалҳо дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ замина фароҳам меорад.
Зимни мулоқот инчунин масъалаҳои вобаста ба рӯзномаи Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ ва татбиқи афзалиятҳои раёсати Тоҷикистон дар Иттиҳод баррасӣ гардиданд. Таъкид шуд, ки иштироки фаъоли парлументҳои ҳарду кишвар дар фаъолияти ИДМ ба таҳкими пояи ҳуқуқии умумӣ ва рушди минбаъдаи ҳамкории давлатҳои аъзо мусоидат мекунад.
Акс: Маҷлиси милли Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
