Сад соли ҳифзи таърих ва мероси миллӣ: дар Хуҷанд бахшида ба ҷашни Осорхонаи таърихии вилояти Суғд конфронси илмӣ баргузор гардид – ИА Караван Инфо
Сад соли ҳифзи таърих ва мероси миллӣ: дар Хуҷанд бахшида ба ҷашни Осорхонаи таърихии вилояти Суғд конфронси илмӣ баргузор гардид

Душанбе, 18 май, – АИ «Корвон Иттилоот». 16 майи соли 2026 дар толори бошукуҳи Муассисаи давлатии Кохи фарҳангии Суғдиён конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Ҷойгоҳи осорхонаҳо дар фарҳанг ва тамаддуни миллӣ» баргузор гардид, ки ба 100-солагии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд бахшида шуд.

Ҳамоиши илмӣ на танҳо арҷгузорӣ ба яке аз қадимтарин муассисаҳои фарҳангии кишвар, балки майдони муҳими баррасии нақши осорхонаҳо дар ҳифзи хотираи таърихӣ, таҳкими худшиносии миллӣ ва рушди фазои фарҳангии Тоҷикистон арзёбӣ гардид.

Дар конфронс муовини раиси вилояти Суғд Зуфар Исмоилзода, сардори Раёсати фарҳанги вилояти Суғд Бахтиёр Қосимов, муовини раиси шаҳри Хуҷанд Ҷамшед Набизод, намояндаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Азиз Қурбон Қурбониён, директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Зафаршо Сафо Иброҳимзода, номзади илмҳои таърих Абдувалӣ Шарифзода, Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона, инчунин олимону муҳаққиқон, фарҳангшиносон, таърихшиносон, роҳбарони муассисаҳои фарҳангӣ ва осорхонаҳо, устодону донишҷӯён ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.

Пеш аз оғози конфронс ба ҳозирин филми мустанад оид ба раванди барқарорсозӣ ва навсозии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд намоиш дода шуд. Дар филм марҳилаҳои таъмиру эҳё, ҳифзи мероси фарҳангӣ, ғанигардонии фонди осорхона ва саҳми мутахассисон дар барқарорсозии симои таърихии муассиса инъикос ёфт.

Конфронсро Омири кулли Муассисаи давлатии маҷмааи фарҳангию таърихии Қалъаи Хуҷанд Иброҳим Иброҳимов ифтитоҳ намуда, таъкид кард, ки Осорхонаи таърихии вилояти Суғд дар тӯли як аср ҳамчун махзани нодири мероси таърихиву фарҳангии миллат хизмат намуда, дар омӯзиш, ҳифз ва муаррифии арзишҳои миллӣ саҳми назаррас гузоштааст.

Дар ҳамоиш паёмҳои табрикотии мақомоти вилояти Суғд, Вазорати фарҳанг ва мақомоти шаҳри Хуҷанд аз ҷониби намояндагони расмӣ қироат гардиданд.

Таваҷҷуҳи иштирокчиёнро махсусан маърӯзаи директори Осорхонаи таърихии вилояти Суғд Мансур Бойматов таҳти унвони «Даҳ соли фаъолияти пурсамар ва дастовардҳои беназир» ҷалб намуд. Ӯ зикр кард, ки дар даҳсолаи охир осорхона фаъолияти илмӣ, фарҳангӣ ва маърифатии худро ба таври назаррас густариш дода, ба яке аз марказҳои муҳими фарҳангии минтақа табдил ёфтааст.

Ба гуфтаи ӯ, дар солҳои охир барои ғанигардонии фонди осорхона, тармиму барқарорсозии нигораҳои нодир, ташкили намоишгоҳҳои мавзӯӣ ва ҷалби ҷавонон ба омӯзиши таърих корҳои назаррас анҷом дода шуданд. Ҳамчунин, осорхона ҳамкориҳоро бо муассисаҳои илмӣ ва таълимӣ тақвият бахшида, усулҳои муосири осорхонадориро ҷорӣ намуда истодааст.

Дар идомаи конфронс Абдувалӣ Шарифзода бо маърӯзаи илмӣ таҳти унвони «Континууми таърихию фарҳангии тоҷикон: Хуҷанд ва Хатлон дар партави Осорхонаи таърихии вилояти Суғд ва коллексияи таърихии Пешвои миллат» суханронӣ намуда, таъкид кард, ки бозёфтҳои бостоншиносӣ, нигораҳои таърихӣ ва коллексияҳои нодир далели равшани давлатдории куҳан, ҳунармандӣ ва фарҳанги ғании миллати тоҷик мебошанд.

Ҳамчунин, доктори илмҳои таърих, бостоншинос Набиҷон Раҳимов дар бораи саҳми кормандони осорхона дар ҳафриёти бостоншиносии Қалъаи Хуҷанд маърӯза намуда, нақши мутахассисони осорхонаро дар ҳифз, таҳқиқ ва муаррифии бозёфтҳои таърихӣ муҳим арзёбӣ кард.

Иштирокчиён ҳадафи асосии конфронсро таҳкими нақши осорхонаҳо ҳамчун марказҳои илмӣ, фарҳангӣ ва маърифатӣ, ки дар ҳифзи хотираи таърихӣ ва ташаккули худшиносии миллӣ саҳм мегузоранд, арзёбӣ намуданд.

Дар фарҷоми чорабинӣ як қатор кормандони фаъоли осорхона барои саҳми арзанда дар ҳифз ва тарғиби мероси фарҳангӣ бо нишони «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон», сипосномаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.

Ташкилкунандагон иттилоъ доданд, ки чорабиниҳои ҷашнии бахшида ба 100-солагии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд 17 май низ идома меёбанд. Дар доираи барнома намоиши «Сад соли ҳифзи таърих» ифтитоҳ гардида, инчунин барномаи фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандони маъруфи тоҷик дар Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандӣ баргузор хоҳад шуд.

АКС: маркази иттилоотии МД МФТ «Қалъаи Хуҷанд»

error: