17 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба шаҳри Турсунзода сафари корӣ анҷом доданд. Ҳадафи сафари корӣ шиносоӣ бо шароити зиндагии аҳолӣ, инчунин ифтитоҳ ва оғози сохтмони як қатор иншооти муҳимми иқтисодию иҷтимоӣ буд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Сарвари давлат.

Дар оғози сафари худ, Сарвари давлат бинои нави Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар шаҳри Турсунзода ифтитоҳ намуд.
Зимни сафари корӣ, Президенти мамлакат аз Литсей-интернати кӯдакони болаёқати шаҳри Турсунзода боздид намуда, як қатор иншооти навро, аз ҷумла бинои иловагии таълимӣ, хобгоҳ, китобхона, майдончаи варзишӣ, меҳмонхона, толори конфронсҳо, ошхона ва нуқтаи тиббиро мавриди истифода қарор доданд.
Ҳамчунин, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шакли виртуалӣ 4 мактаби таҳсилоти умумӣ ва 2 муассисаи томактабии хусусиро дар шаҳри Турсунзода ифтитоҳ намуданд.

Баъдтар меҳмонони олиқадр дар деҳаи ба номи Ҷӯра Раҳмон дар шаҳри Турсунзода, сардхонаи хоҷагии деҳқонии “Ғайрат-2020”-ро ба истифода доданд. Ин иншоот аз ҷониби соҳибкор ва роҳбари хоҷагии деҳқонии “Ғайрат-2020” Урунбой Нурматов дар майдони 0,20 гектар сохта шудааст.

Сардхона бо таҷҳизоти муосири худкор муҷаҳҳаз буда, барои нигоҳдории 2000 тонна меваю сабзавот пешбинӣ шудааст.

Зимни сафари корӣ ба шаҳри Турсунзода, Сарвари давлат инчунин бинои нави муассисаи томактабии хусусии “Бибиойша”-ро дар деҳаи Заркамар-1, ҷамоати деҳоти ба номи Ҷӯра Раҳмон, ифтитоҳ намуд.

Бинои муассисаи томактабӣ аз ҷониби роҳбари хоҷагии деҳқонии токпарварии “Боғи Сомон” Маҳмадамин Камолов, писари боғбони маъруфи ҷумҳурӣ, дар хотираи неки Ҳоҷӣ Камол Мадумаров ва бо ҳадафи дастгирии сиёсати созанда ва маорифпарваронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохта шудааст.

Дар идомаи сафари корӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз токзори хоҷагии деҳқонии “Боғи Сомон” боздид намуданд. Ин хоҷагӣ дар соли 2008, бо дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷониби боғбони машҳур Камол Мадумаров дар майдони беш аз 500 гектар замин ташкил шудааст.
Дар рафти суҳбат бо кишоварзон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маслиҳатҳои муфид оид ба истифодаи самараноки захираҳои кишоварзии минтақа ва афзоиши саҳм дар таъмини амнияти озуқавории кишвар доданд.
Меҳмонони олиқадр аз хоҷагии деҳқонии токпарварии “Ҳоҷӣ Неъмат” низ боздид намуда, бо намоиши маҳсулоти хоҷагӣ, аз ҷумла навъҳои гуногуни ангур, мавиз, шириниҳои ангурӣ, сабзавот ва дигар зироатҳои кишоварзӣ шинос шуданд.
Навъҳои ангури “Шоҳона”, “Президент”, “Хусайнӣ сафед”, “Хусайнӣ сиёҳ”, “Ғалаба”, “Кардинал”, “Пешпазак”, “Аватар”, “Велес” ва дигар навъҳое, ки дар намоишгоҳ пешниҳод шуданд, дар хоҷагии деҳқонии “Ҳоҷӣ Неъмат” парвариш шуда, дар дохил ва хориҷи кишвар талаботи зиёд доранд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз токзорҳо фаъолияти самараноки ин хоҷагиҳои пешқадамро баланд арзёбӣ намуда, зарурати таблиғи васеи таҷрибаи анъанавӣ ва муосири боғпарварони маъруфро миёни аҳолӣ таъкид карданд.
Дар доираи сафари корӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон инчунин 5 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд. Аз ҷумла бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии №30 барои 192 хонанда дар ду баст, маркази савдо барои 300 нуқтаи савдо дар маҳаллаи 5-уми шаҳр, марҳилаи дуюми бозори “Ҷаҳони бозургон” бо 1000 нуқтаи савдо, хонаи истиқоматии бисёрқабата бо 192 хона дар кӯчаи ба номи Мирзо Турсунзода, клиникаҳои хусусӣ дар кӯчаи “15-солагии истиқлолият” ва ба номи Аҳмади Дониш, ки дар маҷмӯъ беш аз 1500 нафарро бо ҷойи кор таъмин мекунанд.
Акс: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
