Душанбе, 30 апрел, – АИ «Корвон Иттилоот». 27 апрели соли 2026 дар доираи сафари расмӣ ба вилояти Суғд ҳайати Гурӯҳи дӯстии Сенати Фаронса ва Осиёи Марказӣ бо роҳбарии сафири Фаронса дар Тоҷикистон Эрве Море ва Эльза Пинёл ба шаҳри Хуҷанд ташриф овард. Ин сафар на танҳо як қисми барномаи корӣ, балки нишони таваҷҷуҳи хос ба мероси таърихӣ ва фарҳангии маркази қадимаи шимоли кишвар низ буд.

Яке аз бахшҳои асосии боздид тамошои Қалъаи таърихии Хуҷанд ба шумор мерафт — ёдгории шинохтаи шаҳр ва қисми муҳими Муассисаи давлатии «Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”». Меҳмонон дар даромадгоҳи қалъа бо эҳтироми хос ва самимияти баланд истиқбол гирифта шуданд. Дар маросими пешвоз муовини раиси вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон, директори Осорхонаи таърихии вилояти Суғд Бойматов Мансур Тошматович, намояндагони соҳаи сайёҳӣ ва фарҳанг ва дигар шахсони масъул иштирок доштанд.
Аз лаҳзаҳои аввал барномаи истиқбол бо рӯҳияи меҳмоннавозӣ ва мазмуни фарҳангӣ фарқ мекард. Дар назди даромадгоҳ донишҷӯёни бахши забонҳои шарқ бо либосҳои миллӣ саф ороста, меҳмононро ба забони фаронсавӣ пешвоз гирифтанд. Ин манзара фазои гарму самимии муколамаро ба вуҷуд овард, ки дар он забон на танҳо василаи гуфтугӯ, балки абзори ҳамдигарфаҳмӣ ва наздикшавии фарҳангҳо гардид.
Сипас ҳайати меҳмонон аз толорҳои намоишӣ боздид намуда, бо ашёҳои нодири таърихӣ, намунаҳои санъати тасвирӣ, маҳсулоти кундалкорӣ, муҷассамаҳои шоирону классикони бузург ва дастхатҳои арзишманд шинос шуданд. Меҳмонон ба ин ганҷинаи фарҳангӣ бо таваҷҷуҳи хос нигариста, таассуроти амиқ ва хотирмон бардоштанд.

Дар идома, онҳо ба ҳавлии тоҷир ворид шуда, дар фазои пурнақш ва зебои санъати миллӣ худро эҳсос карданд. Унсурҳои меъморӣ, кандакориҳои нозук, нақшу нигорҳои анъанавӣ ва рангҳои гарм муҳитеро офариданд, ки дар он хотираи таърихӣ ва зебоии фарҳангӣ ба ҳам омехта буданд.
Ба боздид ҷаласаи самимӣ дар суфраи чой низ шукуҳи хос бахшид. Дар фазои озод ва дӯстона, бо забони фаронсавӣ, донишҷӯёни бахши забонҳои шарқ, намояндагони маркази фарҳангии Фаронса «Алянс-Франсез» дар Хуҷанд ва меҳмонон масоили таъриху фарҳанги ду кишвар, аҳамияти омӯзиши забонҳо дар таҳкими робитаҳои байналмилалӣ ва дурнамои таҳсилу ҳамкориҳои муштаракро баррасӣ карданд.
Ин мулоқот бо барномаи фарҳангӣ боз ҳам рангинтар гардид. Ҳунармандон суруду оҳангҳои дилнишин иҷро намуда, ба фазои нишаст рӯҳияи тоза бахшиданд. Раққосаҳо низ бо ҳаракатҳои зебо ва ҳамоҳанг саҳнаро пурҷило карданд, ки дар онҳо унсурҳои миллӣ ва рӯҳияи муосир ба таври муваффақ омехта шуда буданд. Ҳамин тавр, чорабинӣ ба як лаҳзаи хотирмон ва таъсирбахш табдил ёфт.
Иштирокчиён чунин мулоқотҳоро муҳим арзёбӣ намуда, таъкид карданд, ки онҳо барои таҳкими робитаҳои фарҳангӣ, рушди бисёрзабонӣ, дастгирии баробарии имкониятҳо миёни ҷавонон ва густариши гуфтугӯи байни халқҳо нақши назаррас доранд. Хонандагону донишҷӯён имкони муколамаи мустақим бо ҳайати меҳмононро таҷрибаи арзишманд номида, онро қадами муассир дар рушди муносибатҳои фарҳангии Тоҷикистону Фаронса арзёбӣ карданд.
Дар анҷоми мулоқот донишҷӯён ба роҳбари ҳайат Эрве Море ва сафири Фаронса дар Тоҷикистон Эльза Пинёл барои таваҷҷуҳ ба рушди ҳамкориҳои фарҳангӣ изҳори сипосу миннатдорӣ карданд. Зикр шуд, ки чунин ташаббусҳо барои боло бурдани сатҳи дониш, густариши забономӯзӣ, таҳкими робитаҳои байналмилалӣ ва рушди дӯстии ҷавонони ду кишвар мусоидат мекунанд.

Тавре роҳбари маркази фарҳангии Фаронса «Алянс-Франсез» дар Хуҷанд Муқим Темуров изҳор дошт, ӯ дар тамоми марҳилаҳои барнома ҳайати меҳмононро ҳамроҳӣ карда, ба онҳо дар бораи фаъолияти марказ, ҳамкориҳои фарҳангии Тоҷикистону Фаронса ва саҳми он дар рушди дӯстии ҷавонон маълумоти муфассал пешниҳод намуд.
Ҳамин тавр, сафари ҳайати сенаторони Фаронса ба Хуҷанд аз чорчӯбаи боздиди расмӣ берун рафта, ба намунаи равшани он табдил ёфт, ки чӣ гуна мероси таърихӣ, маориф ва фарҳанг метавонанд пояи муколамаи байналмилалӣ ва наздикшавии пойдори халқҳо бошанд.
АКС: МД МФТ «Қалъаи Хуҷанд»
