Сафири нави Қазоқистон дар Қирғизистон аз Президент вазифаҳо гирифт
Остона, 19 июли соли 2026-АИ «Караван Инфо». Президенти Қазоқистон Қасим-Жомарт Токаев сафири навтаъиншуда дар Ҷумҳурии Қирғизистон Абилкаир Скаковро қабул кард. Сарвари давлат аҳамияти таҳкими минбаъдаи шарикии стратегӣ ва муносибатҳои иттифоқӣ бо Қирғизистони бародар таъкид намуд.

“Муҳим аст, ки таҳкими дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва ҳамкории ҳамаҷонибаи байни Қазоқистон ва Қирғизистон идома ёбад”, – қайд намуд Президент.
Дар назди дипломат вазифаҳо оид ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои нақлиётӣ-транзитӣ, энергетикӣ, обӣ, аграрӣ ва рақамисозӣ, инчунин васеъ намудани робитаҳои фарҳангӣ-гуманитарӣ байни ду кишвар гузошта шудаанд.
Аксҳо: Акорда
