Сафири Норвегия нусхаҳои эътимодномаҳоро ба ВКХ-и Қазоқистон супорид – ИА Караван Инфо
Сафири Норвегия нусхаҳои эътимодномаҳоро ба ВКХ-и Қазоқистон супорид

Остона, 4 марти соли 2026-АИ «Караван Инфо». Муовини вазири корҳои хориҷии Қазоқистон Арман Исетов нусхаи эътимодномаҳоро аз сафири навтаъиншудаи Норвегия Хелена Санд Андресен қабул кард.

Ҷонибҳо масъалаҳои мубрами ҳамкории Қазоқистону Норвегияро дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ – гуманитарӣ баррасӣ намуданд.

Исетов қайд намуд, ки Қазоқистон ба таҳкими муносибатҳо бо Норвегия аҳамияти муҳим медиҳад ва ба густариши шарикии мутақобилан судманди тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ манфиатдор аст. Нақши муҳими шӯрои тиҷоратии Қазоқистон ва Норвегия дар муайян намудани соҳаҳои нави ояндадори ҳамкорӣ таъкид намуда шуд.

Дар охири вохӯрӣ муовини вазир ба сафир рисолати муваффақона дар Қазоқистонро орзу намуд.

Аксҳо: ВКХ-и ҶҚ

error: