Душанбе, 13 март, – АИ «Корвон Иттилоот». 11 март Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо Губернатори шаҳри Санкт-Петербург Александр Беглов мулоқот анҷом дод.

Тавре мухбири АИ «Корвон Иттилоот» хабар медиҳад, дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои марбут ба рушди минбаъда ва таҳкими ҳамкории байниминтақавии Тоҷикистону Русияро баррасӣ намуданд. Хусусан ба густариши ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳри Санкт-Петербург дар соҳаҳои иқтисод, савдо ва сармоягузорӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Сафири Тоҷикистон таъкид намуд, ки рушди ҳамкории байниминтақавӣ яке аз омилҳои муҳими таҳкими муносибатҳои шарикии стратегӣ миёни Тоҷикистон ва Русия ба ҳисоб меравад. Ба гуфтаи ӯ, густариши робитаҳои мустақими байни минтақаҳо ба рушди муносибатҳои иқтисодӣ, афзоиши гардиши савдои мутақобила, ҷалби сармоя ва татбиқи тарҳҳои муштарак мусоидат менамояд.
Ҳамчунин зимни мулоқот дурнамои тавсеаи ҳамкорӣ дар самтҳои саноат, сохтмон, энергетика, нақлиёт ва инфрасохтор мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ҷонибҳо зарурати таҳкими робитаҳои тиҷоратӣ байни соҳибкорон, инчунин фаъол гардондани ҳамкории палатаҳои савдо ва саноат, доираҳои соҳибкорӣ ва сохторҳои сармоягузориро муҳим арзёбӣ намуданд.
Дар мулоқот ба рушди ҳамкории гуманитарӣ низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Аз ҷумла, тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои маориф, фарҳанг, илм ва сайёҳӣ мусбат арзёбӣ карда шуд. Таъкид гардид, ки шаҳри Санкт-Петербург яке аз марказҳои бузурги илмӣ ва фарҳангии Русия буда, дар муассисаҳои таҳсилоти олии он шумораи зиёди донишҷӯёни тоҷик таҳсил менамоянд. Дар ин замина ҷонибҳо ба густариши табодули академӣ, татбиқи барномаҳои муштараки таълимӣ ва рушди ташаббусҳои фарҳангӣ изҳори ҳавасмандӣ намуданд.
Ҳамчунин масъалаҳои густариши робитаҳои фарҳангӣ, аз ҷумла баргузории чорабиниҳои муштараки фарҳангӣ, фестивалҳо, намоишгоҳҳо ва ҳамоишҳои илмӣ, ки ба таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ миёни халқҳои ду кишвар мусоидат менамоянд, баррасӣ гардиданд.
Дар рафти мулоқот инчунин консули генералии навтаъйини Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург Хуршед Шералӣ муаррифӣ карда шуд. Сафир Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода изҳори итминон намуд, ки фаъолияти роҳбари нави муассисаи консулӣ ба рушди минбаъдаи ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва шаҳри Санкт-Петербург, инчунин таҳкими робитаҳо бо ҳамватанони муқими ин шаҳр мусоидат хоҳад кард.

Дар навбати худ Губернатори шаҳри Санкт-Петербург Александр Беглов омодагии ҷониби худро барои густариши ҳамкории мутақобилан судманд бо Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор намуда, аҳамияти рушди минбаъдаи муносибатҳои шарикӣ дар соҳаҳои иқтисодӣ ва гуманитариро таъкид кард.
Ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи муколамаи созанда ва ҳамкории муштарак дар самти татбиқи тарҳҳои ояндадор, ки ба таҳкими дӯстӣ ва ҳамкории байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия равона гардидаанд, баён намуданд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия.
