Душанбе, 20 май, – АИ «Корвон Иттилоот». Таътилҳои майӣ дар Тоҷикистон танҳо вақти саёҳат набуданд, балки фурсате шуданд, то кишвар аз нигоҳи нав дида шавад. Кумитаи рушди сайёҳӣ назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон II Фестивали рушди сайёҳии дохилиро баргузор кард, ки дар он рӯзноманигорон, блогерон, намояндагони сохторҳои давлатӣ, корпуси дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ иштирок доштанд.

Иштирокчиён ба самтҳои гуногун роҳ пеш гирифтанд — аз Ромит ва Чилдухтарон то Искандаркул ва Ҳовалинг. Аммо ҳадафи умумии ин сафарҳо як буд: нишон додани он ки иқтидори сайёҳии Тоҷикистон танҳо ба нуқтаҳои маъруфи харита маҳдуд намешавад, балки дар минтақаҳо, табиат, анъанаҳо ва муҳити зиндаи инсонӣ ошкор мегардад.
Масири нави сайёҳӣ Душанбе — Рашт — Душанбе таваҷҷуҳи махсуси иштирокчиёнро ба худ ҷалб кард. Дар роҳ тавассути Файзобод, Роғун ва Нуробод ҳар як минтақа симои хоси худро мекушояд — аз манзараҳои сабзу кӯҳҳои зебо то шиносоӣ бо тарзи зиндагии маҳаллӣ ва пазироии гарми сокинон. Чунин таассуротҳо аксаран аз ҳар гуна муаррифии расмӣ қавитар буда, сайёҳиро ба таҷрибаи шахсӣ табдил медиҳанд.

Дар ноҳияи Рашт барнома махсусан пурмазмун буд. Яке аз нуқтаҳои асосӣ — чашмаи Навдонак, ки дар байни мардум бо номи «Чашмаи Шоирон» маъруф аст. Ба гуфтаи пирони деҳаи ҳамном, оби ин чашма тақрибан нӯҳ аср боз аз зери замин ҷорӣ шуда, пок, сард ва ниҳоят лазиз боқӣ мондааст.
Дар ҳамин ҷо фестивал ранги фарҳангӣ ҳам гирифт. Сафири Туркия дар Тоҷикистон Умут Аҷар бо дигар иштирокчиён ба таври худҷӯшона рақси миллӣ иҷро кард ва ин лаҳза ба рамзи дӯстӣ ва муколамаи фарҳангҳо табдил ёфт.
Сипас меҳмонон дар назди Қасри фарҳанги ноҳияи Рашт бо барномаи ҷолиби консертӣ ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ истиқбол шуданд. Иштирокчиён ҳамчунин Осорхонаи «Кӯҳсори Аҷам»-ро тамошо карда, дар гулгашти фарҳангу фароғат сайр намуданд ва баъдан бо ҳаёти иқтисодии ноҳия — хоҷагии гармхонагӣ ва корхонаи дӯзандагии «Чевар» — низ ошно шуданд.
Акс: Asia-Plus
