Душанбе, 09 июл, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар шаҳри Панҷакент ба ифтихори 35-умин солгарди истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши фарҳангӣ таҳти унвони «Гардишгарӣ ва ҳунарҳои дастӣ — таҳкимбахши ваҳдати миллӣ» баргузор гардид.

Чорабинӣ дар Кохи Лоиқи шаҳри Панҷакент бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент бо иштироки ҳунармандон, фаъолони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва намояндагони сохторҳои дахлдор доир шуд.
Дар оғози ҳамоиш меҳмонон аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ, ки маҳсули дасти ҳунармандони шаҳри Панҷакент мебошанд, боздид намуданд. Иштирокчиён ба маҳорати воло, завқи баланди эҷодӣ ва ҳунари нотакрори чеварбонуҳои шаҳр баҳои баланд доданд.
Зикр гардид, ки маҳз ҳунари сӯзанидӯзии ҳунармандони Панҷакент ба рушди мақоми байналмилалии шаҳр мусоидат намуда, ин шаҳр ба Феҳристи Шаҳрҳои ҷаҳонии ҳунармандӣ аз рӯи ин навъи ҳунари мардумӣ шомил гардидааст.
Дар ҷараёни ҳамоиш раиси шаҳри Панҷакент, раиси бахши шаҳрии Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Абдухолиқ Холиқзода, раиси Шӯрои куҳансолони Кумитаи иҷроияи Ҳаракат Ғайбулло Афзалов, муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулрухсор Тиллоӣ, муовини раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёдулло Салимзода ва дигар намояндагони сохторҳои дахлдор суханронӣ намуданд.

Дар баромадҳо нақши муҳими Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарорсозии сулҳу субот, таҳкими ваҳдати миллӣ, эҳёи арзишҳои таърихию фарҳангӣ ва дастгирии ҳунарҳои мардумӣ таъкид гардид.
Иштирокчиён иброз доштанд, ки эҳёи ҳунарҳои дастӣ, баргузории намоишгоҳу ярмаркаҳо ва истеҳсоли армуғонҳои миллӣ на танҳо барои ҳифзи мероси фарҳангӣ, балки барои рушди соҳаи сайёҳӣ ва фароҳам овардани имкониятҳои нави иқтисодӣ мусоидат менамояд.

Шаҳри Панҷакент бо таърихи чандҳазорсола, ёдгориҳои нодири таърихӣ ва мақоми байналмилалии худ ҳамчун шаҳри ҳунармандӣ метавонад ба яке аз марказҳои муҳими сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистон табдил ёбад.
Таъкид гардид, ки баргузории чунин ҳамоишҳо барои рушди ҷаҳонгардӣ ҳамчун соҳаи шуғлофару даромаднок, дастгирии ҳунармандони мардумӣ ва муаррифии эҷодиёти нодири онҳо дар дохил ва хориҷи кишвар аҳамияти муҳим дорад.
Акс: Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент
