Душанбе, 27 июл, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар деҳаҳои Ҷамоати деҳоти ба номи Аскар Замирови ноҳияи Ишкошим бо иштироки сокинони маҳаллӣ, хизматчиёни ҳарбӣ, роҳбарияти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва мақомоти маҳаллӣ ҳашари дастаҷамъона ҷиҳати муҷаҳҳазгардонӣ ва таҳкими хатти сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар чорабинӣ муовини Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Фурқати Ҳукумат, Раиси ноҳияи Ишкошим Иматшозода Анвар Иматшо, роҳбарону фаъолони ноҳия ва дигар шахсони масъул иштирок намуда, ҳамроҳ бо сокинон ва сарбозони шуҷои Ватан дар корҳои ободонӣ ва мустаҳкамсозии инфрасохтори сарҳадӣ саҳм гузоштанд.

Зикр гардид, ки чунин ташаббусҳо ифодагари сатҳи баланди худшиносии миллӣ, ҳисси ватандӯстӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ буда, нишон медиҳанд, ки ҳифзи марзу буми кишвар танҳо вазифаи сохторҳои низомӣ нест, балки қарзи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Таъкид шуд, ки ҳамбастагии аҳолии маҳаллӣ бо ҳомиёни Ватан рамзи ваҳдат, иттиҳод ва садоқат ба давлату миллат буда, дар таъмини амнияти миллӣ, таҳкими дахлнопазирии сарҳади давлатӣ ва ҳифзи сулҳу субот нақши муҳим мебозад.

Ба назари гурӯҳи таҳлилии «Караван Инфо», иштироки фаъолонаи сокинони ноҳияҳои наздисарҳадӣ дар корҳои мустаҳкамсозии инфрасохтори сарҳадӣ аз таҳкими ҳамкории ҷомеа ва сохторҳои давлатӣ шаҳодат медиҳад. Ҳамоҳангии аҳолӣ ва хизматчиёни ҳарбӣ дар ҳифзи сарҳади давлатӣ на танҳо сатҳи омодагии дифоиро боло мебарад, балки ваҳдати миллӣ, ҳисси масъулияти шаҳрвандӣ ва суботи иҷтимоиро дар минтақаҳои сарҳадӣ боз ҳам таҳким мебахшад.
АКС: муаллифи контенти рақамӣ Душанбе Назаров
