Душанбе, 18 июл, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар остонаи даври дуюми озмуни «Беҳтарин ошпази мактабии соли 2026» дар Тоҷикистон барои ошпазҳои мактабӣ тренинги онлайнӣ баргузор гардид, ки онро Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ (ВПП) дар ҳамкорӣ бо Институти ғизои соҳавии Федератсияи Русия ташкил намуд. Ин омӯзиш бахше аз татбиқи Барномаи ғизои мактабӣ мебошад, ки аз ҷониби Федератсияи Россия дастгирӣ мешавад ва ба баланд бардоштани сатҳи касбии мутахассисоне нигаронида шудааст, ки ҳар рӯз барои таъмини ғизои гарм дар мактабҳои кишвар масъуланд.

Имсол озмун боз барои бори панҷум баргузор мегардад, ки аз ҷойгоҳи устувори он дар низоми дастгирии ғизои мактабӣ ва рушди салоҳиятҳои касбии ошпазҳо шаҳодат медиҳад. Тренинг ошпазҳоро аз тамоми Тоҷикистон ба ҳам оварда, на танҳо ба омодагӣ барои иштирок дар озмун, балки ба масъалаҳои амалие, ки мустақиман ба амният ва сифати омода кардани хӯрок дар муассисаҳои таълимӣ марбутанд, бахшида шуд.
Зери роҳбарии ошпаз-технологҳои соҳибтаҷриба ва ташкилкунандагони озмун иштирокчиён талаботи мусобиқа, қоидаҳои бехатарӣ дар ошхона, хусусиятҳои истифодаи таҷҳизот, инчунин меъёрҳои касбиро, ки дар фаъолияти ошхонаҳои мактабӣ татбиқ мешаванд, ба таври муфассал баррасӣ намуданд. Таваҷҷуҳи алоҳида ба ташкили кор дар цехҳои гарм ва сард равона карда шуд, ки дар онҳо риояи меъёрҳои санитарӣ ва интизоми технологӣ аҳаммияти калидӣ дорад.
Тавре ташкилкунандагон таъкид мекунанд, чунин тренингҳо имкон медиҳанд, ки на танҳо иштирокчиён ба озмун омода карда шаванд, балки дониши онҳо дар самти ташкили бехатару босифати ғизои мактабӣ низ таҳким ёбад. Барои низоми маориф ин махсусан муҳим аст, зеро сухан дар бораи таъмини ҳаррӯзаи кӯдакон бо ғизои гарми комил меравад, ки мустақиман ба саломатӣ, фаъолият дар таҳсил ва некӯаҳволии умумии онҳо таъсир мерасонад.
Ошпазҳои мактабӣ имрӯз на танҳо хӯрок омода мекунанд. Меҳнати онҳо як қисми вазифаи васеътари иҷтимоӣ — фароҳам овардани муҳити солим ва бехатар дар мактабҳо мебошад, ки дар он ғизо ба яке аз омилҳои дастгирии рушди кӯдак ва муваффақият дар таҳсил табдил меёбад.
АКС: Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ (ВПП)
