Сенати Қазоқистон созишномаи чорчӯбаро бо бонки Ҷаҳонӣ барои рушди устувор тасдиқ намуд – ИА Караван Инфо
Сенати Қазоқистон созишномаи чорчӯбаро бо бонки Ҷаҳонӣ барои рушди устувор тасдиқ намуд

Остона, 20 марти соли 2026-АИ «Караван Инфо». Сенат созишномаи Чорчӯбаи шарикии байни ҳукумати Қазоқистон ва гурӯҳи бонки Ҷаҳонӣ (МБРР, IFC, MIGA) – ро тасдиқ намуд. Ҳуҷҷат ба густариши ҳамкорӣ барои мусоидат ба рушди устувор ва рушди иқтисодӣ нигаронида шудааст.

Созишнома татбиқи меъёрҳои пешрафтаи байналмилалиро ҳангоми татбиқи қарзҳо барои кафолати давлатӣ ва лоиҳаҳои грантӣ, аз ҷумла қоидаҳои харид, зиддикоррупсионӣ, экологӣ, иҷтимоӣ, меҳнатӣ, гендерӣ ва меъёрҳои ифшои иттилооти бонки Ҷаҳонӣ пешбинӣ менамояд.

Тасдиқ имкон медиҳад, ки воситаҳои маблағгузорӣ васеъ намуда шаванд, тартиби татбиқи лоиҳаҳо оптимизатсия намуда шаванд, ҷалби сармоягузорӣ зиёд намуда шавад. Ҳадафи асосӣ кам намудани сарбории буҷети давлатӣ тавассути тақсимоти хароҷот ба лоиҳаҳои таъхирнопазир ва иҷтимоӣ мебошад.

Аксҳо: Вазорати иқтисоди ҶҚ

error: