Шаби осорхона дар Душанбе: фарҳанг, таърих ва ҳувияти миллӣ дар як фазои зинда гирди ҳам омаданд – ИА Караван Инфо
Шаби осорхона дар Душанбе: фарҳанг, таърих ва ҳувияти миллӣ дар як фазои зинда гирди ҳам омаданд

Душанбе, 20 май, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон 18 май чорабинии фарҳангии «Шабе дар Осорхона» ҷараён дорад, ки ҳамзамон ба ҷашни Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо бахшида шудааст. Ин иқдом на танҳо як барномаи идона, балки як талоши ҷиддӣ барои наздик кардани ҷомеа ба таърих, фарҳанг ва мероси маънавии кишвар ба ҳисоб меравад.

Чорабинӣ тақрибан соати 18:00 оғоз ёфт ва то соати 23:00 идома мекунад. Дар ин фосила фазои осорхона ба як майдони зиндаи фарҳанг табдил ёфтааст: дар дохили бино шоми мусиқии сарояндагон, саҳнаҳои театрӣ, маҳфилҳои фарҳангиву адабӣ-бадеӣ, дарсҳои эҷодиву маҳорат ва намоиши дастовардҳои бостоншиносиву илмӣ ва ширкатҳои сайёҳии кишвар баргузор мешаванд.

Аҳамияти ин гуна барномаҳо танҳо дар шукуҳи зоҳирии онҳо нест. Дар шароити имрӯз, вақте ки ҷомеа беш аз ҳар вақти дигар ба пайванди маънавӣ бо таърих эҳтиёҷ дорад, осорхона аз макони нигоҳдории ашёи нодир ба фазои фаъол ва муколамавии миллӣ табдил меёбад. Ҳузури ҷавонон, оилаҳо ва дӯстдорони фарҳанг дар чунин чорабинӣ нишон медиҳад, ки таваҷҷуҳ ба мероси таърихӣ метавонад ба як таҷрибаи зинда ва ҷолиб табдил ёбад.

Қобили зикр аст, ки сафоратҳои муқими Душанбе низ дар ин чорабинӣ гӯшаҳои худро ташкил карда, фарҳанг ва анъанаҳои кишварҳои худро муаррифӣ мекунанд. Ин ҷанбаи байналмилалӣ ба чорабинӣ ранги тоза мебахшад ва онро ба платформаи муколамаи фарҳангҳо табдил медиҳад.

Дар саҳни даромадгоҳи осорхона то соати 21:00 барномаи мусиқӣ низ идома хоҳад дошт.

Ба гуфтаи ташкилкунандагон, ҳадафи асосии «Шабе дар Осорхона» ҷалби ҷомеа ба таъриху фарҳанги кишвар ва боло бурдани ҳисси миллӣ ва ватандӯстӣ мебошад.

ФОТО: Осорхонаи миллии Тоҷикистон

error: