Душанбе, 04 август, – АИ «Корвон Иттилоот». Ба Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи нави мутахассисони Федератсияи Россия дар доираи барномаи байналмилалии ихтиёрии «Миссияи некӣ» ворид гардид.

Марҳилаи навбатии ин ташаббуси башардӯстона пас аз анҷоми форуми байналмилалии Россотрудничество «Замони корҳои нек» амалӣ шуда, ба дастгирии касбии оилаҳое, ки кӯдакони дорои маъюбият ва хусусиятҳои рушди ҷисмонӣ ё равониро тарбия мекунанд, инчунин ба густариши мубодилаи таҷриба миёни мутахассисони ду кишвар равона шудааст.
Ба ҳайати гурӯҳи Русия ҳашт мутахассиси соҳаҳои гуногун — равоншиносони клиникӣ, нейропсихологҳо, кормандони иҷтимоӣ ва физиотерапевтҳо шомил мебошанд. Дар доираи барнома онҳо барои оилаҳо машваратҳои инфиродӣ баргузор намуда, машғулиятҳои омӯзишӣ мегузаронанд, ба муассисаҳои соҳавӣ кӯмаки методӣ мерасонанд ва таҷрибаи муосири дастгирии кӯдакони ниёзманд ба ғамхории махсусро бо ҳамтоёни тоҷик мубодила мекунанд.
Айни замон ихтиёриён дар ноҳияи Данғара ва шаҳри Роғун фаъолият дошта, бо кӯдакон ва волидони онҳо мулоқот мекунанд, ба мутахассисони муассисаҳои иҷтимоӣ машварат медиҳанд ва бо хусусиятҳои ташкили хизматрасониҳои иҷтимоӣ дар минтақаҳо аз наздик шинос мешаванд.
Дар марҳилаи минбаъда барнома дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд идома ёфта, баргузории машваратҳо, чорабиниҳои омӯзишӣ ва вохӯриҳои касбӣ дар назар аст.

Яке аз иштирокчиёни барнома — равоншиноси клиникӣ ва нейропсихолог Иркям Ахмерова мебошад, ки бори сеюм дар ин ташаббус иштирок дорад. Ба гуфтаи ӯ, арзиши асосии чунин лоиҳаҳои башардӯстона дар имконияти мубодилаи дониш, таҷриба ва ҷустуҷӯи муштараки роҳҳои муассири дастгирии кӯдакон ва оилаҳо ифода меёбад.
«Ман бисёр мехоҳам таҷриба ва донишҳои худро бо ҳамкорон мубодила намоям. Бовар дорам, ки мубодилаи касбӣ ба мо имкон медиҳад, ки якҷоя роҳҳалли нав пайдо намуда, кӯмакро ба кӯдакон ва оилаҳо боз ҳам муассиртар гардонем», — иброз дошт мутахассис.
Барномаи «Миссияи некӣ» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2023 инҷониб амалӣ мешавад. Дар ин муддат дар он табибони ихтиёрии Русия, наҷотдиҳандагон, сурдопедагогҳо, равоншиносони соҳаи пешгирии буллинг ва намояндагони дастаҳои донишҷӯёни ихтиёрӣ, ки дар татбиқи лоиҳаҳои гуногуни иҷтимоӣ ва маориф иштирок мекунанд, ширкат варзидаанд.
Барномаи байналмилалии ихтиёрии мазкур аз ҷониби Россотрудничество дар ҳамкорӣ бо Ассотсиатсияи Добро.рф ва бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин Ассотсиатсияи ташкилотҳои ихтиёрии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

Рушди барномаи «Миссияи некӣ» аз таҳкими пайвастаи ҳамкориҳои башардӯстонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия шаҳодат медиҳад.
Татбиқи чунин ташаббусҳо ба баланд бардоштани сатҳи тахассуси мутахассисони соҳаи иҷтимоӣ, ҷорӣ намудани усулҳои муосири дастгирии кӯдакони дорои эҳтиёҷоти махсус ва густариши ҳамкориҳои байналмилалии касбӣ мусоидат намуда, дар маҷмӯъ ба беҳтар гардидани сифати хизматрасониҳои иҷтимоӣ ва ҳифзи гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ заминаи устувор фароҳам меорад.
АКС: Хонаи русӣ дар Душанбе
