Шашмақом ҳамчун забони ваҳдати фарҳангӣ: дар Суғд Фестивал-озмуни байналмилалии «Ушшоқи Раҳмонӣ» оғоз ёфт – ИА Караван Инфо
Шашмақом ҳамчун забони ваҳдати фарҳангӣ: дар Суғд Фестивал-озмуни байналмилалии «Ушшоқи Раҳмонӣ» оғоз ёфт

Душанбе, 12 май, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар шаҳри Хуҷанд ба Фестивал-озмуни байналмилалии Шашмақом таҳти унвони рамзии «Ушшоқи Раҳмонӣ» оғози расмӣ бахшида шуд. Ин рӯйдод бори дигар собит сохт, ки мероси мусиқии классикии Тоҷикистон имрӯз на танҳо бахше аз таърих, балки пояи зиндаи муколамаи фарҳангӣ, рушду камол ва эътирофи байналмилалӣ мебошад.

Маросими ифтитоҳ дар Театри мазҳака ва мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода, Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, намояндагони аҳли фарҳангу ҳунар ва меҳмонон аз кишварҳои гуногун иштирок намуданд.

Фестивал бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ташкил шуда, ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Шашмақом бахшида шудааст. Дар давоми се рӯз — аз 10 то 12 май — Хуҷанд ба майдони мулоқоти шашмақомхонон, мусиқишиносон ва намояндагони зиёиёни эҷодӣ аз Фаронса, Озарбойҷон, Эрон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон табдил меёбад.

Зимни ифтитоҳ таъкид гардид, ки Шашмақом падидаи нодири мусиқии классикии тоҷик буда, дар тӯли асрҳо ташаккул ёфта, дар тарбияи маънавию фарҳангии ҷомеа нақши муассир бозидааст.

Ворид шудани он ба Феҳристи мероси ғайримоддии инсонияти ЮНЕСКО на танҳо эътирофи ҷаҳонӣ, балки такони ҷиддӣ барои ҳифз ва тарғиби минбаъдаи ин санъати нодир гардид.

Ҳамчунин зикр шуд, ки маҳз сиёсати пайвастаи фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушду ҳифзи Шашмақом заминаи устувор фароҳам овардааст. Бо дастгирии Пешвои миллат Рӯзи Шашмақом таъсис ёфт, фаъолияти ансамблҳои мақомхонон густариш пайдо кард ва худи ин жанр дар арсаи байналмилалӣ бештар муаррифӣ шуд.

Ҳаҷми умумии ҷоизаҳо барои ғолибони озмун 28 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Маросими ҷамъбастии фестивал 12 май дар Қалъаи Хуҷанд баргузор хоҳад шуд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд

error: