Душанбе, 07 май, – АИ «Корвон Иттилоот». Аз 30 апрел то 2 май дар шаҳри Бишкек ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалии «Bishkek International Tourism Fair 2026 (BITF 2026)» иштирок намуда, гӯшаи миллии кишвар-ро пешниҳод карданд.

Тавре дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қирғизистон ба хабар доданд, Тоҷикистонро дар ин чорабинӣ пешсафтарин операторони сайёҳии кишвар намояндагӣ карданд. Дар доираи экспозитсия иқтидори сайёҳии ҷумҳурӣ, мероси ғании таърихию фарҳангӣ, инфрасохтори муосир ва маҷмӯи васеи маҳсулоти сайёҳӣ муаррифӣ гардид.
Дар ҷараёни намоишгоҳ масъалаҳои таблиғи самтҳои сайёҳӣ дар бозорҳои байналмилалӣ, ҷалби сармоягузорӣ, рушди инфрасохтори нақлиётӣ ва сайёҳӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ, инчунин густариши ҳамкории байналмилалӣ баррасӣ шуданд. Таваҷҷуҳи махсус ба рушди сайёҳии экологӣ ва кӯҳӣ, ташаккули масирҳои нав ва баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои сайёҳӣ зоҳир гардид.
Дар ҳошияи чорабинӣ операторони сайёҳии тоҷик бо шарикони хориҷӣ як қатор мулоқотҳои дуҷониба анҷом дода, дурнамои барқарор намудани робитаҳои шарикӣ ва тавсеаи ҳамкориро муҳокима карданд.

Дар натиҷаи намоишгоҳ миёни ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ва Қирғизистон 11 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.
Иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар «BITF 2026» ба пешбурди минбаъдаи иқтидори сайёҳии кишвар дар арсаи байналмилалӣ, густариши тамосҳои корӣ ва ворид шудан ба бозорҳои нав мусоидат намуда, бори дигар аҳамияти ин намоишгоҳро ҳамчун платформаи муассир дар соҳаи сайёҳӣ тасдиқ кард.
Акс: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қирғизистон.
