Душанбе, 09 июн, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар доираи тадбирҳои пайваста барои таҳкими иқтидори сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва баланд бардоштани сатҳи омодабошии воҳидҳои махсус, Дастаи алоҳидаи таъиноти махсуси милитсияи «Шоҳин»-и Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе бо техника ва таҷҳизоти нави ҳарбӣ таъмин гардид.

Дар маросими супоридани техника роҳбарияти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе иштирок намуда, як қатор нақлиёти зиреҳпӯши ҳарбӣ ва лавозимоти муҳими ҷангиро ба ихтиёри ҳайати дастаи «Шоҳин» вогузор кард.
Ба иттилои мақомоти милитсияи пойтахт, солҳои охир барои муҷаҳҳазгардонии воҳидҳои махсус бо техника ва воситаҳои муосир тадбирҳои пайгирона амалӣ гардида, дар натиҷа дастаи «Шоҳин» тадриҷан ба яке аз сохторҳои пуриқтидор ва омодабоши мақомоти корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе табдил меёбад.
Коршиносон бар ин назаранд, ки дар шароити рушди шаҳрҳои бузург ва афзоиши талабот ба таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, тақвияти имкониятҳои техникии воҳидҳои махсус аҳамияти калидӣ дорад. Таҷҳизонидани кормандон бо техникаи муосир имкон медиҳад, ки онҳо дар ҳолатҳои фавқулода, амалиётҳои махсус ва чорабиниҳои муҳими ҷамъиятӣ вазифаҳои худро бо самаранокии бештар иҷро намоянд.
Мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе барои дастгирии пайваста ва таваҷҷуҳи махсус ба рушди зерсохтори мақомоти корҳои дохилӣ ба Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ изҳори сипос намуда, таъкид карданд, ки тамоми иқдомҳои амалӣ ба таҳкими суботу оромӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон ва таъмини амнияти ҷамъиятӣ равона шудаанд.
Ба гуфтаи масъулон, ворид гардидани техника ва таҷҳизоти нав сатҳи омодагии ҳайати шахсиро боло бурда, иқтидори амалиётии воҳидро тақвият мебахшад ва барои иҷрои босифату саривақтии вазифаҳои хизматӣ шароити мусоид фароҳам меорад.
Таҳкими имкониятҳои техникии воҳидҳои махсуси мақомоти корҳои дохилӣ имрӯз яке аз омилҳои муҳими таъмини амнияти шаҳрӣ ба шумор рафта, барои вокуниши фаврӣ ба таҳдидҳои эҳтимолӣ ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ заминаи боэътимод фароҳам месозад.
Акс: Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе
