Душанбе, 01 ноябр, – АИ «Корвон Иттилоот». Чор шоҳматбози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар силсилаи байналмилалии онлайнӣ The Road to Dushanbe, ки аз ҳашт марҳила иборат буда, дар платформаи WorldChess баргузор гардид, соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд. Дар мусобиқа беш аз 300 иштирокчӣ аз 20 давлати ҷаҳон, аз ҷумла 170 шоҳматбоз аз Тоҷикистон ширкат варзиданд, ки ин нишондиҳанда рекордӣ ба ҳисоб меравад.

Бар пояи натиҷаҳои ниҳоӣ, ғолибону беҳтаринҳо дар бахшҳои гуногун чунин муайян гардиданд:
- Шоҳҷаҳон Саидов (19-сола) — ҷойи аввал дар ҳисоботи умумӣ;
- Ясмина Юсупова (12-сола) — дар панҷгонаи беҳтаринҳо ҷой гирифт;
- Шукрона Масҳабова (19-сола) — беҳтарин байни занон;
- Хуршед Бобоев (61-сола) — беҳтарин собиқадор дониста шуд.
Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон зикр намуд, ки лоиҳаи The Road to Dushanbe намунаи барҷастаи рақамикунонии соҳаи варзиш мебошад.
Формати онлайн ба шоҳматбозони тоҷик имкон дод, ки бе баромадан аз кишвар бо бозингарони сатҳи байналмилалӣ рақобат намуда, рейтинг ва таҷрибаи касбии худро боло бардоранд.
Ба гуфтаи масъулин, ин ташаббус на танҳо мусобиқаи варзишӣ, балки платформаи рушди ҷавонон ва тарғиби шоҳмат дар ҷомеа низ мебошад.
Ҳамаи ғолибони силсилаи онлайнӣ даъвати расмӣ барои иштирок дар Мусобиқаи байналмилалӣ барои Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз 9 то 17 ноябри соли 2025 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, дарёфт карданд.
Онҳо дар давоми мусобиқа аз пардохти ҳаққи иштирок озод буда, манзили ройгон дар давраи баргузории чорабинӣ дар ихтиёр хоҳанд дошт.
Фонди ҷоизаи мусобиқа 50 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Дар он шоҳматбозон аз беш аз 25 кишвари ҷаҳон ширкат хоҳанд кард.
АКС: Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон
