Душанбе, 29 июл, – АИ «Корвон Иттилоот». Мутахассисони Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон экспедитсияи илмиро дар ҳавзаи дарёи Сир анҷом дода, вазъи экологии захираҳои об ва низоми мониторинги онҳоро мавриди омӯзиши ҳамаҷониба қарор доданд.

Дар ҷараёни корҳои саҳроӣ олимон намунаҳои обро гирифта, таҳлили лаборатории нишондиҳандаҳои химиявӣ ва биологиро анҷом доданд. Натиҷаҳои бадастомада барои таҳияи тавсияҳои илмӣ ҷиҳати ҳифзи экосистемаҳои дарёӣ, истифодаи оқилонаи захираҳои об ва таҳкими амнияти экологии минтақа замина фароҳам меоранд.
Ҳамзамон ба сифати обҳои зеризаминӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Дар доираи экспедитсия бо роҳбарият ва мутахассисони корхонаҳои вилояти Суғд вохӯриҳои корӣ баргузор шуда, масъалаҳои мониторинги муштараки чоҳҳои амудӣ ва манбаъҳои артезианӣ, инчунин ҳамкории минбаъдаи илмӣ баррасӣ шуданд.

Ин экспедитсия сиёсати пайгиронаи Тоҷикистонро дар самти рушди низоми муосири назорати экологӣ дар шароити тағйирёбии иқлим ва афзоиши фишор ба экосистемаҳои обӣ тасдиқ мекунад. Омӯзиши маҷмӯии обҳои рӯизаминӣ ва зеризаминӣ ба баланд бардоштани эътимоднокии таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокӣ, такмили идоракунии захираҳои обии фаромарзӣ ва рушди устувори бахши агросаноатии кишвар мусоидат хоҳад кард.
АКС: Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
