Душанбе, 11 май, – АИ «Корвон Иттилоот». 9 май дар шаҳри Турсунзода бахшида ба 81-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941–1945 дар назди Оташи абадӣ, дар пояи Танки Ғалаба, ҳамоиши бошукӯҳи идона баргузор гардид.

Дар чорабинӣ собиқадорони меҳнат, ҷанговарони интернатсионалист, намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода, фаъолон ва сокинони шаҳр иштирок намуда, ба хотири гиромидошти қаҳрамонони солҳои 1941–1945 ба пояи Танки Ғалаба гулчанбару гулдастаҳо гузошта, бо лаҳзаи хомӯшӣ хотираи неки шаҳидони роҳи Ватанро пос доштанд.


Муовини якуми раиси шаҳри Турсунзода Азимзода Азимҷон Бахтиёр паёми табрикии раиси шаҳрро ба муносибати Рӯзи Ғалаба ироа намуда, таъкид кард, ки 9 май рамзи шуҷоату ҷоннисорӣ ва эҳтиром ба фарзандони содиқи Ватан мебошад. Зикр гардид, ки пос доштани хотираи қаҳрамонон ва арҷгузорӣ ба корномаи онҳо дар тарбияи насли ҷавон нақши муҳим дорад.
Дар идома барномаи фарҳангии омоданамудаи ҳунармандони шуъбаи фарҳанг ва хонандагони муассисаи таълимии №75 фазои чорабиниро рангину идона гардонида, сурудҳои ватандӯстона ва таронаҳои ҷангӣ ба ҳамоиш шукуҳи тоза бахшиданд.
АКС: Муаллифи мундариҷаи рақамӣ Диловар Рашидов
