Душанбе, 11 май, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар шаҳри Бӯстон ба муносибати 81-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941–1945 чорабинии ботантана ва маросими гулгузорӣ баргузор гардид. Дар назди пояи муҷассамаи шаҳидони ҷанг собиқадорони ҷангу меҳнат, роҳбарияти шаҳр, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҷавонон ва аҳли ҷамоатчигӣ ҷамъ омаданд.

Нахуст, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Абдумаҷид Раҳимов суханронӣ намуда, паёми табрикии Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаб Аҳмадзодаро ба самъи сокинони шаҳри Бӯстон расонид.
Сипас Раиси шаҳри Бӯстон Фирӯза Нуруллозода баромад намуда, сокинон ва меҳмононро бо ин санаи таърихӣ самимона табрик намуд. Ӯ изҳор дошт, ки Ғалабаи бузург бар фашизм дар натиҷаи муборизаи дастаҷамъонаи мардуми собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ба даст омада, намунаи олии ватандӯстӣ ба ҳисоб меравад.

Таъкид гардид, ки аз Тоҷикистон беш аз 300 ҳазор нафар ҷавонмардони бонангу номус ба ҷанг сафарбар шуда, 92 ҳазор нафари онҳо дар майдонҳои набард қаҳрамонона ҷони худро нисор кардаанд.
Фирӯза Нуруллозода таъкид намуд, ки таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, имрӯз собиқадорони ҷангу меҳнат зери ғамхории доимии давлат қарор доранд. Вазифаи муқаддаси ҳар як сокини шаҳр ҳифзи сулҳу субот ва арҷгузорӣ ба корномаи падарону бобоёни қаҳрамон мебошад.


Дар анҷоми чорабинӣ иштирокдорон бо нишони эҳтиром дар пояи муҷассамаи шаҳидони ҷанг гулҳои тару тоза гузошта, хотираи қурбониёни набарди хунинро пос доштанд. Шиори «Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нашудааст!» бори дигар дар қалби ҳозирин таҷаллӣ ёфт.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон
