Душанбе, 20 май, – АИ «Корвон Иттилоот». 18 майи соли 2026 дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк чорабинии сатҳи баланд бахшида ба Рӯзи байналмилалии морхӯр таҳти унвони «Морхӯр ва гуногунии биологии кӯҳӣ: таҳкими талошҳои ҷаҳонӣ барои ҳифзи экосистема ва рушди устувор» баргузор гардид. Чорабинӣ бо ибтикори ҳайатҳои Тоҷикистон ва Покистон дар ҳамкорӣ бо Барномаи муҳити зисти СММ (UNEP) ва Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат (IUCN) ташкил карда шуд.

Чорабинӣ бо суханони ифтитоҳии Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода оғоз ёфт. Ӯ бо таъкид ба модели муваффақонаи ҳифзи табиат дар Тоҷикистон изҳор дошт, ки морхӯр (Capra falconeri) на танҳо яке аз нодиртарин ҳайвоноти кӯҳии Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ мебошад, балки рамзи мероси табиии Тоҷикистон низ ба ҳисоб меравад.
Раиси Кумита ҳамчунин зикр кард, ки эълон гардидани 24 май ҳамчун Рӯзи байналмилалии морхӯр аз ҷониби Маҷмаи Умумии СММ «платформаи ҷаҳонӣ барои баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ, таҳкими ҳамкории ҷонибҳои манфиатдор ва ҷалби таваҷҷуҳи сиёсӣ ба ҳифзи экосистемаҳои осебпазири кӯҳӣ»-ро фароҳам овардааст.

Дар анҷоми суханронӣ як қатор самтҳои ҳамкорӣ пешниҳод гардид, аз ҷумла густариши мониторинги илмӣ, татбиқи моделҳои ҳифзи табиат дар сатҳи ҷомеа, тавсеаи ҳамкории минтақавӣ ва афзоиши сармоягузорӣ ба таҳсилоти экологӣ миёни ҷавонон. Ҳамчунин омодагӣ барои баррасии баргузории чорабинии ҷаҳонӣ бахшида ба морхӯр дар шаҳри Душанбе дар соли 2027 изҳор гардид.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
