Тақвияти инфрасохтори энергетикии Бадахшон: дар Ишкошим зеристгоҳи нави 110 кв ба истифода дода мешавад - ИА Караван Инфо
Тақвияти инфрасохтори энергетикии Бадахшон: дар Ишкошим зеристгоҳи нави 110 кв ба истифода дода мешавад

Душанбе, 20 июл, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон татбиқи лоиҳаҳо ҷиҳати таҳкими инфрасохтори энергетикӣ идома дорад. Яке аз чунин иншооти муҳим зеристгоҳи барқии 110/35 кВ «Қозидеҳ» дар ноҳияи Ишкошим мебошад, ки корҳои сохтмонии он ба марҳилаи ниҳоӣ расидаанд.

18 июл вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар доираи сафари корӣ ба ВМКБ аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот дидан намуда, бо сатҳи омодагии он шинос гардид.

Ба вазир иттилоъ дода шуд, ки корҳои сохтмонӣ дар зеристгоҳ беш аз 95 фоиз анҷом ёфта, тибқи нақша то охири моҳи июли соли равон ба истифода дода мешавад.

Оғози расмии сохтмони зеристгоҳи «Қозидеҳ» 26 июни соли 2025 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба рушди соҳаи энергетика ва таъмини устувори минтақаҳо бо неруи барқ гузошта шуда буд.

Бунёди иншооти мазкур дар таҳкими низоми энергетикии ВМКБ аҳамияти муҳим дошта, барои баланд бардоштани эътимоднокӣ ва устувории таъминоти неруи барқ, инчунин коҳиш додани талафот дар шабакаҳои барқӣ мусоидат менамояд.

Ба истифода додани зеристгоҳи нав бо назардошти хусусиятҳои ҷуғрофии минтақа аҳамияти махсус дорад, зеро фаъолияти устувори инфрасохтори энергетикӣ яке аз омилҳои муҳими рушди маҳалҳо, соҳаи иҷтимоӣ ва иқтисоди минтақа ба ҳисоб меравад.

Дар доираи сафари корӣ вазири энергетика ва захираҳои оби кишвар ҳамчунин бо фаъолияти зеристгоҳи барқии 110/35/10 кВ «Ҷангал» шинос гардид ва вазъи фаъолияти онро мавриди баррасӣ қарор дод.

Рушди инфрасохтори энергетикӣ дар ВМКБ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Сохтмони зеристгоҳҳои нав, навсозии шабакаҳои барқӣ ва баланд бардоштани самаранокии низоми энергетикӣ барои таъмини рушди устувори минтақаҳо ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ равона шудааст.

Акс: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон