Душанбе, 18 июл, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари омӯзишӣ оид ба рушди малакаҳои рақамии кормандон баргузор гардид. Чорабинӣ ба баланд бардоштани савияи донишҳои рақамӣ, таҳкими салоҳиятҳои касбӣ ва мутобиқсозии фаъолияти хизматчиёни давлатӣ ба талаботи замони муосир равона шудааст.

Зимни семинар масъалаҳои марбут ба рушди салоҳиятҳои рақамӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои муосир, тавсеаи ҳукумати электронӣ ва такмили сифати хизматрасониҳои давлатӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Иштирокчиён оид ба роҳҳои истифодаи самараноки абзорҳои рақамӣ дар фаъолияти ҳаррӯзаи хизматӣ, соддагардонии равандҳои идорӣ ва баланд бардоштани шаффофияти кор дар сохторҳои давлатӣ мубодилаи назар намуданд.
Таваҷҷуҳи махсус ба боло бурдани сатҳи дониш ва малакаҳои рақамии хизматчиёни давлатӣ зоҳир гардид. Ба гуфтаи ташкилкунандагон, чунин машғулиятҳо барои мутобиқ намудани кадрҳои давлатӣ ба равандҳои босуръати табдили рақамӣ ва ҷорӣ кардани механизмҳои муосири идоракунии давлатӣ аҳаммияти муҳим доранд.

Коршиносон таъкид мекунанд, ки рушди савияи рақамии кормандони мақомоти давлатӣ яке аз омилҳои калидии муваффақияти сиёсати рақамикунонии кишвар маҳсуб мешавад.
Баланд бардоштани дониши технологӣ, истифодаи самараноки платформаҳои электронӣ ва такмили малакаҳои идорӣ имкон медиҳад, ки сифати хизматрасонии давлатӣ беҳтар гардида, равандҳои корӣ бештар самаранок ва шаффоф анҷом дода шаванд.
АКС: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
