Экономика и бизнес - ИА Караван Инфо

Форуми сеюми тиҷоратии «Осиёи Марказӣ, ИМА» (B5+1) моҳи апрели соли 2027 дар Душанбе баргузор мегардад

Душанбе, 9 октябр, - АИ «Корвон Иттилоот». 7 октябри соли 2026 дар Вашингтон муаррифии пешакии Форуми сеюми тиҷоратии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ИМА (B5+1) сурат гирифт. Худи чорабинӣ барои моҳи апрели соли 2027 дар шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст. Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Мутахассисони бонкӣ ва молиявии Тоҷикистон аз рӯи барномаи русӣ оид ба масъалаҳои ҷории иқтисод такмили ихтисос мегиранд

Душанбе, 9 октябр, - АИ «Корвон Иттилоот». Намояндагони бахши бонкӣ ва молиявии Тоҷикистон аз рӯи барномаи русии «Масъалаҳои ҷории иқтисод ва молия» такмили ихтисос мегиранд. Таълим аз 6 то 9 октябр дар майдончаи Ассотсиатсияи бонкҳои Тоҷикистон баргузор мешавад. Дар доираи барнома мутахассисон тамоюлҳои асосии иқтисоди ҷаҳонӣ ва миллӣ, сиёсати пулию...

Дар Фархор корхонаи коркарди пахта бо иқтидори 16 ҳазор тонна дар як сол пас аз навсозӣ ба фаъолият оғоз кард

Душанбе, 8 октябр, - АИ «Корвон Иттилоот». Дар деҳаи Сомониёни деҳоти Зафарии ноҳияи Фархор дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб корхонаи коркарди пахтаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Пахтаи Фархор» пас аз таъмиру азнавсозӣ мавриди...

Муомилоти тиҷоратии Тоҷикистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ба 1,67 миллиард доллар расид

Душанбе, 8 октябр, - АИ «Корвон Иттилоот». Муомилоти тиҷоратии Тоҷикистон бо чаҳор кишвари Осиёи Марказӣ — Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Туркманистон — дар моҳҳои январ–августи соли 2026 ба 1,67 миллиард доллар расид. Ба тиҷорат бо кишварҳои ҳамсояи минтақа тақрибан 18 фоизи гардиши умумии савдои хориҷии ҷумҳурӣ рост омадааст, ки ҳаҷми...

Намояндаи махсуси Қазоқистон Афғонистонро дар Маскав муҳокима намуд

Остона, 7 октябри соли 2026-АИ Караван Инфо. Намояндаи махсуси президенти Қазоқистон оид ба Афғонистон Юдин Тукумов дар ҷаласаи 8-уми формати Машваратҳои Маскав оид ба Афғонистон дар сатҳи намояндагони махсус ва шахсони мансабдори калон иштирок намуд. Иштирокчиён вазъи сиёсӣ ва иқтисодии Афғонистон, масъалаҳои амнияти минтақавӣ, муқовимат ба терроризм ва гардиши ғайриқонунии...

Рақамикунонии саноати ҶҚ ҳосилнокии 7 фоизро ташкил медиҳад%

Остона, 7 октябри соли 2026-АИ Караван Инфо. Дар ҷаласаи ҳукумат таҳти раёсати сарвазир Олжас Бектенов вазири саноат ва сохтмон Ерсайин Нагаспаев дар бораи тағирёбии рақамии геология, саноат ва сохтмон дар доираи стратегияи умумимиллии "Қазоқистони Рақамӣ" гузориш дод. То соли 2028 нишондиҳандаҳои мақсаднок муайян намуда шуданд. Дар геология: афзоиши сармоягузории хусусӣ...

Форуми байналмилалии бонкӣ – 2026: бахши молиявии Тоҷикистон дар давраи инноватсияҳои рақамӣ

Душанбе, 5 октябр, - АИ «Корвон Иттилоот». 30 сентябри соли 2026 дар меҳмонхонаи Hyatt Regency Dushanbe Форуми байналмилалии бонкӣ – 2026, ки аз ҷониби Ассотсиатсияи ташкилотҳои молиявии Тоҷикистон ташкил шуда буд, баргузор гардид. Чорабинӣ таҳти шиори «Бахши молиявӣ дар давраи инноватсияҳои рақамӣ» доир шуд ва беш аз 200 нафар иштирокчиро...

Баррасии раванди татбиқи лоиҳаи «CASA-1000» бо ҳайати Бонки Умумиҷаҳонӣ

Душанбе, 5 октябр, - АИ «Корвон Иттилоот». 2 октябри соли 2026 Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа ҳайати Бонки Умумиҷаҳониро ба ҳузур пазируфт. Дар меҳвари суҳбат раванди татбиқи Лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи «CASA-1000» қарор гирифт. Ҷонибҳо доир ба ҷараёни иҷрои корҳои лоиҳавӣ ва масъалаҳои марбут ба...

Қазоқистон ва Исроил ҳамкориҳои тиҷоратиро баррасӣ хоҳанд намуд

Остона, 5 октябри соли 2026-АИ Караван Инфо. Муовини вазири корҳои хориҷии Қазоқистон Арман Исагалиев бо сафири Давлати Исроил дар Қазоқистон Йоав Бистритский мулоқот намуд. Ҷонибҳо масъалаҳои мубрами рӯзномаи дуҷониба, минтақавӣ ва байналмилалиро баррасӣ намуданд. Яке аз самтҳои афзалиятнок таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ мебошад. Дар робита ба ин,...

Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳиди Амрико дар пасманзари 34-солагии муносибатҳои дипломатӣ самтҳои нави ҳамкориҳоро муайян карданд

Душанбе, 02 октябр — АИ «Корвон Иттилоот». 29 сентябри соли 2026 дар Вашингтон чорабинии бахшида ба 34-солагии барқарории муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баргузор шуд. Ҷонибҳо ба рушди муколамаи сиёсӣ, ҳамкориҳои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ, инчунин иштироки Тоҷикистон дар ташаббусҳои минтақавӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд. Муносибатҳои дипломатӣ...

Қазоқистон ва Муғулистон тавсеаи тиҷоратро баррасӣ намуданд

Остона, 2 октябри соли 2026-АИ Караван Инфо. Дар Остона ҷаласаи 10-уми комиссияи байниҳукуматии Қазоқистон ва Муғулистон оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ ва фарҳангӣ баргузор шуд. Ҷонибҳо вазъи кунунии тиҷорати дуҷониба ва чораҳои тавсеаи онро баррасӣ намуданд. Муовини аввали вазири савдо ва ҳамгироии Қазоқистон Айжан Бижанова қайд намуд, ки дар...

Таварруми озуқаворӣ дар ҶҚ дар моҳи сентябр 8,5% фоизро ташкил дод

Остона, 2 октябри соли 2026-АИ Караван Инфо. Дар моҳи сентябри соли 2026 таваррум дар Қазоқистон 9,3% - ро ташкил дод. Нархи маҳсулоти хӯрокворӣ 8,5% боло рафт. Дар ифодаи моҳона таваррум дар сатҳи август нигоҳ дошта шуд ва 0,6% - ро ташкил дод. Тибқи маълумоти Бюрои омори миллӣ, дар моҳи сентябр...