Главное - ИА Караван Инфо

Оркестри ҳарбии Вазорати Мудофиа дар соҳили Остона ба ифтихори Рӯзи пойтахт баромад намуд

Остона, 7 июли соли 2026-АИ «Караван Инфо». Оркестри марказии ҳарбии маркази Миллии ҳарбӣ - ватанпарварии қувваҳои Мусаллаҳи Қазоқистон бо барномаи консертӣ барои сокинон ва меҳмонони шаҳр баромад намуд. Раҳпаймоии мусиқӣ дар назди муҷассамаи Кенесара хан оғоз ёфт ва дар соҳили дарёи Есил тавассути пули Атирау то боғи Марказӣ гузашт. Дар...

Токаев Қазоқистониёнро бо Рӯзи пойтахт ва эътибор пайдо намудани Конститутсияи нав табрик гуфт

Остона, 6 июли соли 2026-АИ «Караван Инфо». Дар Қазоқистон Рӯзи пойтахтро ҷашн мегиранд. Президент Қасим-Жомарт Токаев ҳамватанони худро табрик гуфт ва Остонаро рамзи истиқлолият ва маркази нерӯи созандаи миллат номид. Сарвари давлат қайд намуданд, ки дар пойтахт қарорҳои тақдирсоз қабул намуда мешаванд. Вай таъкид намуд, ки Остона ба "шаҳри оқил"...

Қазоқистон ва Узбекистон гурӯҳи кории мубориза бо ифлосшавии ҳаворо таъсис медиҳанд

Тошканд, 6 июли соли 2026 АИ «Караван Инфо». Дар майдони донишгоҳи Осиёи Марказӣ оид ба омӯзиши муҳити зист ва тағйирёбии иқлим (Донишгоҳи Грин - Green University) дар Тошканд вохӯрии ҳайатҳои Қазоқистон ва Узбекистон баргузор гардид. Ҷонибҳо ҳамкориро дар соҳаи ҳифзи ҳавои атмосфера баррасӣ намуданд. Ҳайати Қазоқистонро раиси Кумитаи танзими экологӣ...

Ҷавонони Хатлон ба пуштибонии арзишҳои сулҳу ваҳдат муттаҳид шуданд: дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ роҳпаймоии ватандӯстона баргузор гардид

Душанбе, 06 июл, - АИ «Корвон Иттилоот». Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон роҳпаймоии ҷавонон дар доираи ҳамоиши минтақавӣ таҳти унвони «Пешвои сулҳпарвар дар таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда» баргузор шуд. Чорабинӣ намояндагони мақомоти давлатӣ, сохторҳои кор бо ҷавонон ва сокинони фаъоли ноҳияро гирди арзишҳои сулҳ, ваҳдати миллӣ...

Сарвати зеризаминӣ дар хизмати иқтисод: чӣ гуна содироти ниммиллиарддолларии металлҳо ва сангҳои қиматбаҳо устувории асъории Тоҷикистонро таҳким мебахшад.

Душанбе, 06 июл, - АИ «Корвон Иттилоот». Даромади беш аз 514 миллион доллари Тоҷикистон аз содироти металлҳо ва сангҳои гаронбаҳо танҳо дар давоми моҳҳои январ–майи соли ҷорӣ, нақши калидии бахши кӯҳкориро дар нигоҳдории тавозуни пардохти кишвар тасдиқ намуд. Нишондиҳандаҳои Агентии омори назди Президенти ҶТ гувоҳӣ медиҳанд, ки ин соҳа мақоми...

Домбра – ҷони дашти Бузург: Қазоқистон иди миллиро ҷашн мегирад

Остона, 05 июли соли 2026-АИ Караван Инфо. Имрӯз дар Қазоқистон рӯзи миллии домбра ҷашн гирифта мешавад, ки ба яке аз рамзҳои асосии фарҳанг, таърих ва мероси маънавии қазоқ бахшида шудааст. Он соли 2018 таъсис ёфтааст ва аз он вақт инҷониб ҳамасола якшанбеи аввали моҳи июл ҷашн гирифта мешавад ва миллионҳо...

Иштирок дар маросими эҳтиром ва видоъ бо собиқ Раҳбари Олии Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Сайид Алии Хоманаӣ

Душанбе, 05 июл, - АИ «Корвон Иттилоот». 3 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Теҳрон дар маросими эҳтиром ва видоъ бо собиқ Раҳбари Олии Эрон Оятуллоҳ Саид Алии Хоманаӣ иштирок намуданд. Дар ин маросим Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарият ва мардуми дӯсту...

Тоҷикистон ва Эрон шарикии стратегиро таҳким мебахшанд: Эмомалӣ Раҳмон ва Масъуди Пизишкиён дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ намуданд

Душанбе, 04 июл, - АИ «Корвон Иттилоот». Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 3 июл ҷиҳати иштирок дар маросими арҷгузорӣ ва видоъ бо собиқ Раҳбари олии Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Сайид Алии Хоманаӣ ба шаҳри Теҳрон ташриф оварданд. Дар Фурудгоҳи байналмилалии Теҳрон Сарвари давлати Тоҷикистонро шахсони воломақоми Ҷумҳурии...

Илм — заминаи гузариш ба энергетикаи «сабз»: дар Душанбе дурнамои рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия баррасӣ шуд

Душанбе, 03 июл, - АИ «Корвон Иттилоот». Дар шароити гузариши ҷаҳонӣ ба иқтисоди «сабз» ва афзоиши таъсири тағйирёбии иқлим, Тоҷикистон ба рушди илм ва технологияҳои нав ҳамчун заминаи асосии пешрафти энергетикаи барқароршаванда такя мекунад. Маҳз ба ҳамин мавзӯъ Конфронси IV байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди энергетикаи...

Токаев сармоягузоронро даъват намуд, ки ба рақамикунонии агросектори Қазоқистон сармоягузорӣ кунанд

Остона, 3 июли соли 2026-АИ «Караван Инфо». Президенти Қазоқистон Қасим-Жомарт Токаев дар ҷаласаи Шӯрои сармоягузорони хориҷӣ изҳор дошт, ки таъмини рушди устувори кишоварзӣ афзалияти стратегӣ мебошад. Вай таъкид намуд, ки зеҳни сунъӣ ва технологияҳои автоматизатсия асоси инқилоби нави аграрӣ мегарданд, ки ба баланд бардоштани ҳосилнокӣ, истифодаи оқилонаи об ва кам...

Тоқаев ва Путин омодагиро ба Форуми ҳамкории байниминтақавӣ баррасӣ намуданд

Остона, 02 июли соли 2026-АИ «Караван Инфо». Президенти Қазоқистон Қасим-Жомарт Токаев бо Президенти Русия Владимир Путин сӯҳбати телефонӣ анҷом дод. Сарони давлатҳо рушди ҳамкории дуҷониба ва рафти татбиқи созишномаҳоеро, ки дар ҷараёни сафари давлатии раҳбари Русия ба Қазоқистон ба даст омадаанд, баррасӣ намуданд. Ба омодагӣ ба Форуми XXII ҳамкории байниминтақавии...

Қазоқистон баргузории чемпионати Осиё оид ба гимнастикаро бо роҳбарияти федератсияҳои байналмилалӣ баррасӣ намуд

Остона, 2 июли соли 2026-АИ «Караван Инфо». Президенти кумитаи Миллии олимпии Қазоқистон Геннадий Головкин бо Раиси федератсияи Байналмилалии гимнастика (World Gymnastics) Моринари Ватанабэ ва роҳбари иттиҳоди гимнастикаи Осиё (Asian Gymnastics Union, AGU) Абдулраҳмон бен Саад Алшатри мулоқот намуд. Ҳамчунин, дабири КОМ Алимҷон Акаев ва президенти федератсияи миллии гимнастикаи Қазоқистон Алия...