Остона, 04 августи соли 2026-АИ «Караван Инфо». Дар Замбия чорабиниҳои соли Байналмилалии ихтиёриён барои рушди устувор – 2026, ки аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид (СММ) бо ташаббуси Президенти Қазоқистон Қасим-Жомарт Токаев таъсис дода шудааст, расман оғоз ёфт.

Ифтитоҳи тантанавӣ дар ноҳияи Мвинилунг бо шиори “ҳар як саҳм муҳим аст: ихтиёриён рушди миллиро тақвият медиҳанд” баргузор шуд. Дар маросим намояндагони мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ иштирок намуданд ва инчунин муроҷиати дабири кулли СММ Антониу Гутерриш хонда шуд.
“Соли байналмилалии ихтиёриён барои таъкид намудани саҳми ихтиёриён дар ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устувор ва тавсеаи иштироки шаҳрвандон дар ҳалли масъалаҳои иҷқимоӣ, экологӣ ва башардӯстона пешбинӣ шудааст.”
Пеш аз оғози расмӣ дар кишвар маъракаи иттилоотӣ, аксияҳои экологӣ ва чорабиниҳои ободонии фазои ҷамъиятӣ, ки ба маъмулгардонии ҳаракати ихтиёриён равона карда шуд, баргузор шуданд.
Аксҳо: Вазорати Фарҳанги ҶҚ
