Душанбе, 13 ноябр, – АИ «Корвон Иттилоот». Аз 13 то 15 ноябр дар Маркази байналмилалии намоишгоҳҳои шаҳри Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ «Тоҷикистон-2025» баргузор мегардад, ки онро Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил мекунад.

Ин чорабинӣ ҳамчун платформаи беназири гуфтугӯи тиҷоратӣ, намоиши маҳсулоти ширкатҳои дохилӣ ва хориҷӣ ва рушди робитаҳои ҳамкорӣ байни соҳибкорони кишварҳои гуногун хизмат мекунад.
Дар намоишгоҳ зиёда аз 60 ширкат аз Тоҷикистон, Узбекистон, Беларус, Эрон, Ҳиндустон, Покистон, Арабистони Саудӣ ва Чин иштирок хоҳанд кард. Иштирокчиён маҷмӯи васеи маҳсулот ва хизматрасониҳоро пешкаш мекунанд: аз ҳалли инноватсионии саноатӣ ва маҳсулоти озуқаворӣ то таҳияҳо дар соҳаи логистика, энергетика, экология ва технологияҳои рақамӣ.
Беларусро ОАО УКХ «Белкоммунмаш» муаррифӣ мекунад, ки истеҳсолкунандаи асосии нақлиёти барқӣ — троллейбусҳо, вагонҳои трамвай, электробусҳо, мошинҳои боркаши барқӣ ва истгоҳҳои пуркунии онҳо мебошад.
Ширкатҳои Покистон маҳсулот дар соҳаи логистика, тиб, фармасевтика, маҳсулоти озуқаворӣ, косметика, воситаҳои гигиена ва равғанҳои эфириро нишон медиҳанд.
Иштирокчиёни Эрон маводи сохтмонии инноватсионӣ, сейфҳо ва дарҳои оташногузар, чароғҳои кӯча, равғанҳои саноатӣ ва маҳсулоти хушк шириро пешкаш хоҳанд кард.
Ширкатҳои Арабистони Саудӣ маҳсулоти нигоҳубини кӯдакон, косметика ва маҳсулоти нигоҳубини ҳайвонотро муаррифӣ мекунанд, ширкатҳои Ҳиндустон — таҷҳизот ва лавозимоти ванна аз металл ва полимерҳоро.
Ҳамчунин зиёда аз 30 ширкат аз вилояти Самарқанди Узбекистон маҳсулоти гуногун: хӯроки ҳайвонот, маҳсулоти ширӣ, химияи хонагӣ, матоъ ва маҳсулоти паррандапарвариро намоиш медиҳанд.
Ширкатҳои тоҷикистонии ҳамаи минтақаҳо маҳсулоти навовар ва хизматрасониҳои худро муаррифӣ мекунанд. Меҳмонон метавонанд бо фаъолияти ширкатҳо шинос шаванд, маҳсулоти саноати сабук ва озуқаворӣ ва инчунин маҳсулоти хотиравӣ ва технологияҳои муосирро харидорӣ кунанд.
Намоишгоҳҳо ва ярмаркаҳо аз муассиртарин василаҳо барои пешбурди маҳсулот, васеъ кардани базаи муштариён, афзоиши фурӯш ва ҷалби сармоя мебошанд. «Тоҷикистон-2025» намояндагони соҳаҳои гуногуни саноат, тиҷорат ва хизматрасониҳоро муттаҳид мекунад ва платформаи муносиб барои ҳамкории нав ва рушди робитаҳои байналмилалиро фароҳам меорад.
Намоишгоҳ аз соати 9:00 то 17:00 кор мекунад. Вуруди тамошобинон озод аст.
АКС: Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон
