Душанбе, 14 май, – АИ «Корвон Иттилоот». Ҳукумати Тоҷикистон Нақшаи чорабиниҳои марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ барои солҳои 2023–2028-ро тасдиқ кард. Санад, ки 28 апрели соли 2026 имзо шудааст, дар амал самти кори се соли ояндаро муайян намуда, мавзӯи нақлиёти барқиро аз сатҳи нақшаҳои дурнамо ба сатҳи қарорҳои мушаххаси инфрасохторӣ ва истеҳсолӣ мебарорад.

Тибқи ин нақша, сухан дар бораи 9 банди асосӣ ва тақрибан 15 чорабинии мушаххас меравад, ки дар чор самт гурӯҳбандӣ шудаанд. Арзиши умумии татбиқи барнома 888 млн 48 ҳазор сомонӣ, ё тақрибан 95 миллион долларро ташкил медиҳад. Борбардории асосии молиявӣ ба бахши хусусӣ ва шарикони рушд вогузор шудааст, ки ин аз ҷалби фаъоли бизнес ба ташаккули муҳити нави нақлиётӣ шаҳодат медиҳад.
Қисмати муҳимтарини барнома ба рушди инфрасохтори нерӯгирӣ марбут аст. Дар солҳои 2026–2028 дар кишвар таъсиси 1,1 ҳазор нуқтаи нави фурӯши нерӯи барқ барои нақлиёти барқӣ пешбинӣ шудааст, аз ҷумла 555 дар Душанбе, 200 дар вилояти Суғд, 200 дар вилояти Хатлон, 110 дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва 35 дар ВМКБ. Барои ин ҳудуди 167 миллион сомонӣ ҷудо шудааст. Ҳамзамон мақомот ният доранд шабакаи марказҳои махсуси хизматрасонӣ ба мошинҳои барқиро васеъ намоянд: ба ду нуқтаи амалкунандаи BYD Service дар Душанбе боз 10 нуқтаи дигар илова мешавад.
Бузургтарин қисми хароҷот ба харид ва ба роҳ мондани 210 электробуси муосир рост меояд, ки ҳар сол дар солҳои 2026, 2027 ва 2028 70-тоӣ ворид карда мешаванд. Барои ин беш аз 714 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст. Ҳоло дар Душанбе 60 электробуси муосири AKIA ULTRA ҳаракат мекунанд ва барномаи нав бояд ҳиссаи нақлиёти ҷамъиятии экологиро ба таври назаррас афзоиш диҳад.
Бахши ҷудогона ба батареяҳо бахшида шудааст: нақша таъсиси инфрасохтори ҷамъоварӣ ва коркарди батареяҳои истифодашударо, ҷудо намудани замин барои иншооти марбута ва таҳияи технологияҳои безараргардонӣ ва истифодаи дубораи онҳоро пешбинӣ мекунад.
Татбиқи барнома ба зиммаи як қатор вазорату идораҳо, мақомоти маҳаллӣ ва ширкатҳои энергетикӣ вогузор шудааст. Ҳисоботдиҳӣ ҳар сол то 15 январ ба Вазорати нақлиёт пешниҳод мешавад ва ин ниҳод то 15 феврал натиҷаҳои иҷрои чорабиниҳоро ба Ҳукумат ироа мекунад.
АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон
