Душанбе, 30 июн, – АИ «Корвон Иттилоот». Тоҷикистон мавқеи худро ҳамчун яке аз пешсафони пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об боз ҳам таҳким бахшида, пешниҳод намуд, ки ба Эъломияи вазирони Форуми XI ҷаҳонии об панҷ самти калидии стратегӣ ворид карда шавад. Ба андешаи ҷониби Тоҷикистон, маҳз ҳамин самтҳо метавонанд барои густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи захираҳои об асоси устувор гузоранд.

Ин пешниҳодҳоро муовини якуми вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Шоимзода зимни ҷаласаи машваратии вазирон, ки дар доираи Вохӯрии дуюми машваратии ҷонибҳои манфиатдори Форуми XI ҷаҳонии об дар шаҳри Ҷиддаи Подшоҳии Арабистони Саудӣ баргузор гардид, ироа намуд.
Дар суханронии худ намояндаи Тоҷикистон таъкид кард, ки имрӯз масъалаи об танҳо мавзӯи экологӣ набуда, ба яке аз омилҳои муҳими таъмини рушди устувор, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, амнияти энергетикӣ ва озуқаворӣ, ҳифзи гуногунии биологӣ, инчунин таҳкими сулҳу субот дар сатҳи байналмилалӣ табдил ёфтааст.
Ҳамзамон саҳми Тоҷикистон дар пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об дар доираи Созмони Милали Муттаҳид таъкид гардид. Зикр шуд, ки Конфронси оби СММ соли 2023 масъалаҳои обро дубора ба меҳвари сиёсати ҷаҳонӣ баргардонида, «Рӯзномаи амал оид ба об»-ро ҳамчун платформаи амалии татбиқи иқдомҳои муштараки кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ таъсис дод.

Инчунин натиҷаҳои Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» мавриди арзёбӣ қарор гирифта, зарурати ҳамоҳангсозии бештари талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ дар самти идоракунии устувори захираҳои об таъкид шуд.
Тоҷикистон пешниҳод намуд, ки Эъломияи вазирони Форуми XI ҷаҳонии об панҷ самти асосиро дар бар гирад: эътирофи об ҳамчун афзалияти стратегии ҷаҳонӣ, татбиқи «Рӯзномаи амал оид ба об», афзоиши сармоягузорӣ ба инфрасохтори устувори об, таҳкими ҳамоҳангсозии сохторҳои байналмилалӣ ва рушди ҳамкориҳои фаромарзӣ дар заминаи эътимод, эҳтироми мутақобила ва манфиатҳои муштарак.
Ин пешниҳодҳо идомаи сиёсати пайгиронаи Тоҷикистон дар рушди дипломатияи об буда, нақши кишварро ҳамчун яке аз ташаббускорони асосии ҳалли масъалаҳои глобалии вобаста ба тағйирёбии иқлим ва истифодаи оқилонаи захираҳои об боз ҳам тақвият мебахшанд.
Акс: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон
