Душанбе, 06 июл, – АИ «Корвон Иттилоот». Таҷрибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти башардӯстона намудани қонунгузории ҷиноятӣ ва такмили низоми судиву ҳуқуқӣ дар Конгресси нуҳуми ҷаҳонӣ зидди ҳукми қатл, ки аз 30 июн то 2 июл дар шаҳри Парижи Фаронса баргузор гардид, муаррифӣ шуд. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин ҳамоиши бонуфузи байналмилалӣ Вазири адлия Музаффар Ашуриён намояндагӣ намуд.

Тавре Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, зимни конгресс ба намояндагони кишварҳо ва коршиносони байналмилалӣ натиҷаҳои асосии ислоҳоти судиву ҳуқуқӣ, ки баъди ҷорӣ гардидани мораторий ба татбиқи ҳукми қатл дар соли 2004 амалӣ мешаванд, инчунин самтҳои минбаъдаи такмили қонунгузории миллӣ муаррифӣ гардиданд.
Таваҷҷуҳи махсус ба таҳияи таҳрири нави Кодекси ҷиноятӣ ва Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷрои ҷазои ҷиноятӣ» ва «Дар бораи пробатсия» равона карда шуд. Ба таъкиди ҷониби Тоҷикистон, ин иқдомҳои қонунгузорӣ сиёсати пайгиронаи давлатро дар самти башардӯстона намудани адолати ҷиноятӣ, такмили низоми иҷрои ҷазо ва таҳкими минбаъдаи институтҳои ҳуқуқӣ инъикос менамоянд.
Дар ҷараёни суханронӣ зикр гардид, ки барои бекорсозии пурраи ҳукми қатл идомаи ислоҳоти қонунгузории миллӣ ва низоми иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, мутобиқ намудани шароити муассисаҳои иҷрои ҷазо ба меъёрҳои байналмилалӣ ва фароҳам овардани шароити муносиб барои шахсони ба ҳабси якумрӣ маҳкумшуда аҳаммияти калидӣ дорад.
Дар анҷоми суханронӣ Вазири адлия омодагии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои идомаи муколамаи ошкоро ва созанда бо ҷомеаи байналмилалӣ оид ба масъалаи бекорсозии пурраи ҳукми қатл ва рушди минбаъдаи низоми судиву ҳуқуқӣ таъкид намуд.
Иштироки Тоҷикистон дар Конгресси ҷаҳонӣ бозгӯи талошҳои кишвар ҷиҳати густариши ҳамкорӣ бо ҷомеаи байналмилалии ҳуқуқӣ, мубодилаи таҷрибаи пешқадам ва такмили пайвастаи қонунгузории миллӣ мутобиқ ба стандартҳои муосири байналмилалӣ мебошад.
Конгресси ҷаҳонӣ зидди ҳукми қатл яке аз бузургтарин минбарҳои байналмилалӣ дар ин самт ба шумор рафта, зиёда аз ҳазор намояндаи мақомоти давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, коршиносон ва ҷомеаи шаҳрвандиро аз 90 кишвари ҷаҳон муттаҳид месозад.
Акс: Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
