Душанбе, 05 июн, – АИ «Корвон Иттилоот». Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон павильони миллии кишварро ташкил намуда, ҳайати Тоҷикистонро дар Намоишгоҳи байналмилалии Eco Expo Central Asia 2026, ки дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид, роҳбарӣ намуд.

Иштироки Тоҷикистон дар чунин минбари минтақавӣ нишон медиҳад, ки масъалаҳои экологӣ барои кишвар на танҳо як авлавияти дохилӣ, балки самти муҳими ҳамкории хориҷӣ низ ба ҳисоб мераванд. Дар шароити афзоиши хатарҳои иқлимӣ ва камшавии захираҳои обӣ масъалаҳои рушди устувор барои тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ аҳамияти аввалиндараҷа пайдо мекунанд.
Павилони миллии Тоҷикистон ҳамчун фазое муаррифӣ гардид, ки дар он дастовардҳо, афзалиятҳо ва ташаббусҳои кишвар дар самти ҳифзи муҳити зист, баланд бардоштани устуворӣ ба тағйирёбии иқлим, ҳифзи гуногунии биологӣ, идоракунии устувори захираҳои об ва рушди иқтисоди сабз инъикос ёфтанд.
Чунин шакли муаррифӣ имкон дод, ки на танҳо натиҷаҳои фаъолияти сохторҳои соҳавӣ нишон дода шаванд, балки самти стратегии ҷумҳурӣ низ таъкид гардад: рушди иқтисодӣ бояд бо муносибати эҳтиёткорона ба захираҳои табиӣ ҳамоҳанг бошад.
Таваҷҷуҳи махсуси меҳмонони павильонро мероси нодири табиии Тоҷикистон ҷалб намуд. Ба иштирокчиёни намоишгоҳ дар бораи пиряхҳо, экосистемаҳои кӯҳӣ ва минтақаҳои табиии махсус муҳофизатшавандаи кишвар маълумот пешниҳод шуд, ки аҳамияти онҳо на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои тавозуни экологӣ дар тамоми минтақа бузург аст.

Ҳамчунин ба тадбирҳои ҳифзи намудҳои нодир ва зери хатари нобудшавӣ қарордоштаи ҳайвонот, аз ҷумла бабри барфӣ, таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Ин ҳолат нишон медиҳад, ки Тоҷикистон ҳифзи табиатро на танҳо вазифаи соҳавӣ, балки ҷузъи муҳими ҳувияти миллӣ ва устувории дарозмуддат мешуморад.
Намоишгоҳ дар Самарқанд бори дигар собит кард, ки дипломатияи экологӣ тадриҷан ба яке аз самтҳои намоёни рӯзномаи минтақавӣ табдил меёбад. Барои кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки бо захираҳои табиӣ ва чолишҳои муштарак пайвастанд, чунин минбарҳо барои табодули таҷриба, ҷалби шарикон ва таҳияи қарорҳои муштарак имкониятҳои нав фароҳам меоранд.
Иштироки Тоҷикистон дар Eco Expo Central Asia 2026 боз ҳам содиқ будани кишварро ба принсипҳои устувории экологӣ ва ҳамкории минтақавӣ тасдиқ намуд ва ҳамзамон имкони муҳимеро барои муаррифии дастовардҳои миллӣ ва таҳкими робитаҳои шарикӣ дар роҳи ҳалли мушкилоти экологии Осиёи Марказӣ фароҳам овард.
Акс: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
