Душанбе, 19 июн, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар шароите, ки ҷаҳон бо таҳаввулоти босуръати сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодӣ рӯ ба рӯ аст, фарҳанг ҳарчи бештар на танҳо ҳамчун воситаи ҳифзи ҳувияти миллӣ, балки ҳамчун омили муҳими таҳкими ҳамкорӣ, суботи иҷтимоӣ ва рушди устувор арзёбӣ мегардад. Маҳз ба ҳамин масъалаҳо Конфронси байналмилалӣ оид ба таҳкими робитаҳои фарҳангӣ ва рушди соҳаҳои эҷодӣ, ки 18 июн дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия баргузор шуд, бахшида гардид.

Дар кори ҳамоиш Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода иштирок ва суханронӣ намуда, мавқеи Тоҷикистонро оид ба густариши ҳамкории гуманитарӣ ва рушди муколамаи фарҳангӣ дар фазои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил муаррифӣ кард.
Дар ҷараёни конференсия иштирокчиён вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои байналмилалиро дар бахши фарҳанг баррасӣ намуда, ба масъалаҳои ҳифзи мероси муштараки таърихӣ, таҳкими робитаҳои гуманитарӣ, густариши муколамаи байнидавлатӣ ва таҳияи механизмҳои нави ҳамкорӣ мутобиқ ба талаботи замон таваҷҷуҳи махсус зоҳир карданд.
Қоҳир Расулзода зимни суханронӣ таъкид намуд, ки кишварҳои аъзои ИДМ-ро таърихи муштарак, арзишҳои умумии фарҳангӣ, эҳтироми мутақобила ва анъанаҳои неки ҳамдигарфаҳмӣ ба ҳам мепайванданд. Ба гуфтаи ӯ, маҳз ҳамин омилҳо заминаи устуворро барои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои гуманитарӣ фароҳам месозанд.
Сарвазир зикр кард, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳарчи бештар дарк менамояд, ки фарҳанг ва санъат на танҳо бахши муҳими ҳаёти маънавӣ, балки омили таъсиргузори рушди иқтисодӣ, пешрафти соҳаҳои эҷодӣ ва таҳкими ҳамбастагии иҷтимоӣ низ мебошанд. Аз ин рӯ, густариши ҳамкориҳои фарҳангӣ дар доираи ИДМ аҳамияти рӯзафзун пайдо мекунад.
Дар суханронӣ инчунин ба рушди соҳаи фарҳанг дар Тоҷикистон таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Қоҳир Расулзода таъкид намуд, ки ҳифзи мероси фарҳангии миллӣ, дастгирии санъат, рушди иқтидори эҷодии ҷавонон ва навсозии инфрасохтори фарҳангӣ аз ҷумлаи самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ ба ҳисоб мераванд.
Ба гуфтаи ӯ, имрӯз соҳаи фарҳанги кишвар марҳилаи рушди фаъолро аз сар мегузаронад. Барномаҳои ҳифз ва барқарорсозии ёдгориҳои таърихӣ, сохтмон ва таҷдиди муассисаҳои фарҳангӣ, дастгирии ҳунарҳои мардумӣ ва муаррифии мероси фарҳангии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ амалӣ мегарданд.
Сарвари Ҳукумати мамлакат ҳамчунин омодагии Тоҷикистонро барои рушди ҳамкориҳои фарҳангӣ бо кишварҳои хориҷӣ бори дигар таъкид намуд. Зикр гардид, ки ҷумҳурӣ ҳамеша ҷонибдори таҳкими муносибатҳои дӯстона, ҳамсоягии нек ва ҳамдигарфаҳмӣ буда, мубодилаи фарҳангиро яке аз воситаҳои муҳими наздикшавии халқҳо ва таҳкими эътимод байни давлатҳо меҳисобад.
Коршиносон бар ин назаранд, ки иштироки Тоҷикистон дар чунин платформаҳои байналмилалӣ барои муаррифии иқтидори фарҳангии кишвар, густариши робитаҳои гуманитарӣ ва таҳкими мавқеи он дар низоми ҳамкориҳои минтақавӣ мусоидат менамояд.
АКС: АМИТ «ХОВАР»
