Душанбе, 04 сентябр, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар Душанбе лоиҳаи сеюми нақшаи миллии иқлимии Тоҷикистон — СМММ 3.0 (Саҳми дар сатҳи миллӣ муайяншуда дар доираи Созишномаи Париж) муаррифӣ гардид. Ҳуҷҷат барои муайян намудани уҳдадориҳои навшудаи кишвар дар самти коҳиши партовҳои газҳои гулхонаӣ ва мутобиқсозии иқтисод ва аҳолӣ ба паёмадҳои тағйирёбии иқлим пешбинӣ шудааст.

Тибқи лоиҳа, Тоҷикистон ният дорад то соли 2035 ҳаҷми партовҳои газҳои гулхонаиро нисбат ба соли базавӣ 15 фоиз коҳиш диҳад. Барои расидан ба ин ҳадаф маҷмӯи чораҳо дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт пешбинӣ шудааст, ки ҳамзамон ба коҳиши партовҳои карбон, баланд бардоштани устувории иқлимӣ ва татбиқи роҳҳалҳои аз нигоҳи экологӣ нигаронидашуда равона мешаванд.
Дар баробари ин, нақшаи нави иқлимӣ сиёсати иқлимиро танҳо аз нигоҳи нишондиҳандаҳои экологӣ баррасӣ намекунад. Ба ҷанбаҳои иҷтимоии гузариш ба модели устувори рушд таваҷҷуҳи зиёд дода шудааст. Ба ҳуҷҷат масъалаҳои баробарии гендерӣ, фарогирӣ, ҳифзи гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ ва таъсиси ҷойҳои кори «сабз» ворид шудаанд.
Чунин равиш аз дарки афзояндаи он шаҳодат медиҳад, ки тағйирёбии иқлим ба гурӯҳҳои гуногуни аҳолӣ таъсири яксон намерасонад. Аз ин рӯ, самаранокии сиёсати иқлимӣ на танҳо бо коҳиши партовҳо, балки бо он низ алоқаманд мегардад, ки оқибатҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии гузариш ба низоми иқлимии устувор то кадом андоза одилона тақсим карда мешаванд.
СМММ, ё Nationally Determined Contribution (NDC), нақшаи миллии иқлимии давлат ба ҳисоб рафта, дар он ҳадафҳои коҳиши партовҳо ва чораҳои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим муайян карда мешаванд. Тибқи Созишномаи Париж, кишварҳо чунин ҳуҷҷатҳоро ҳар панҷ сол навсозӣ намуда, сатҳи уҳдадориҳои иқлимии худро тадриҷан тақвият медиҳанд.
Таҳияи СМММ 3.0 бо дастгирии техникии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (БРСММ) дар ҳамкорӣ бо Агентии обуҳавошиносии назди Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон идома дорад. Дар раванди таҳияи лоиҳа машваратҳо бо мақомоти давлатӣ, коршиносон, созмонҳои байналмилалӣ ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор шуданд.
Шабакаи иқлимии ташкилотҳои чамъиятии Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки дар ҳуҷҷат механизмҳои фарогирӣ, принсипҳои гузариши одилона ба иқтисоди камкарбон ва низоми мониторинг тақвият дода шаванд. Аз ҷумла, пешниҳод мешавад, ки на танҳо натиҷаҳои экологӣ, балки нишондиҳандаҳои иҷтимоии татбиқи чораҳои иқлимӣ низ ба назар гирифта шаванд.
Қабули СМММ 3.0 қадами навбатии Тоҷикистон дар самти иҷрои уҳдадориҳои кишвар дар доираи Созишномаи Париж хоҳад буд. Ҳамзамон, ҳуҷҷат заминаи мутобиқшавии дарозмуддати кишвар ба хавфҳои иқлимиро фароҳам оварда, масъалаҳои экологиро бо рушди иқтисодӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва устувории соҳаҳои калидии иқтисодиёт пайваст менамояд.
Акс: АМИТ «ХОВАР», НБО-и гармидиҳии «Душанбе-2»
