Душанбе, 09 июн, – АИ «Корвон Иттилоот». Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориҳои касбиро дар соҳаи тандурустӣ, бахусус дар самти ҳифзи саломатии модарон ва кӯдакон, тақвият мебахшанд. Дар доираи ҳамкориҳои дуҷонибаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Қазоқистон гурӯҳи мутахассисони соҳаи тандурустии Қазоқистон бо сафари корӣ ба Тоҷикистон омадааст.

Ҳадафи асосии ин сафар мубодилаи таҷриба, шиносоӣ бо фаъолияти муассисаҳои тиббӣ ва баррасии роҳҳои нави ҳамкорӣ дар бахшҳои акушерӣ, гинекология ва неонатология мебошад. Ин самтҳо яке аз бахшҳои калидии низоми тандурустӣ ба ҳисоб рафта, ба беҳтар гардидани сифати хизматрасониҳои тиббӣ ба модарон ва навзодон мусоидат мекунанд.
Дар доираи барномаи сафар имрӯз, 8 июн, ҳайати мутахассисони Қазоқистон аз Муассисаи давлатии Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» боздид намуданд. Меҳмонон бо имкониятҳои ташхисӣ ва табобатии муассиса, таҷҳизоти муосир ва таҷрибаи табибони тоҷик шинос шуданд.
Ҳамзамон дар ин муассиса семинари омӯзишӣ баргузор гардид, ки дар он мутахассисони ду кишвар масъалаҳои муҳими акушерӣ ва гинекологиро баррасӣ намуда, таҷрибаи амалии худро дар самти ташхис, табобат ва нигоҳубини модару кӯдак мубодила карданд.

Ба гуфтаи коршиносон, чунин табодули таҷриба барои такмили малакаҳои касбии кормандони соҳаи тиб, ҷорӣ намудани усулҳои муосири табобат ва баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои тиббӣ аҳамияти муҳим дорад. Маҳз ҳамкориҳои байналмилалӣ имкон медиҳанд, ки таҷрибаҳои пешрафта ва технологияҳои нав ба фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ ворид карда шаванд.
Сафари кории ҳайати Қазоқистон аз 8 то 12 июни соли 2026 идома хоҳад кард. Дар ин муддат меҳмонон аз як қатор муассисаҳои пешрафтаи соҳаи тандурустии Тоҷикистон, аз ҷумла Маҷмааи тандурустии «Истиқлол», Маркази саломатии №15-и шаҳри Душанбе, Пажӯҳишгоҳи акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон, Маркази перинаталии шаҳри Бохтар ва Беморхонаи марказии ноҳияи Файзобод боздид менамоянд.
Интизор меравад, ки натиҷаҳои мулоқотҳо ва муҳокимаҳои касбӣ барои густариши ҳамкориҳои байни муассисаҳои тиббии ду кишвар, татбиқи таҷрибаҳои беҳтарин ва таҳкими иқтидори кадрии соҳаи ҳифзи саломатии модару кӯдак заминаи мусоид фароҳам оваранд.

Тақвияти ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар бахши тандурустӣ ҳамчун ҷузъи муҳими ҳамгироии минтақавӣ арзёбӣ шуда, метавонад ба баланд бардоштани сатҳи хизматрасониҳои тиббӣ ва беҳтар шудани нишондиҳандаҳои саломатии аҳолӣ дар ҳар ду кишвар мусоидат намояд.
Акс: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
