Душанбе, 09 апрел, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар Душанбе вохӯрии сатҳи баланд миёни намояндагони Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ба масъалаҳои рушди ҳамкории дуҷониба дар самти иқтисоди рақамӣ ва идоракунии давлатӣ бахшида шуд. Директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сафир – Роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Дарски Радослав ҷараёни лоиҳаҳо ва имкониятҳои рушди инфрасохтори рақамиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Зимни вохӯрӣ диққати асосӣ ба амалисозии лоиҳаҳое равона гардид, ки бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон татбиқ мешаванд. Аз ҷумла, лоиҳаҳои «C4CA» ва «CIVIT Registry» мавриди арзёбии баланд қарор гирифта, нишон доданд, ки онҳо дар рушди инфрасохтори рақамӣ ва низоми захираҳои иттилоотии давлатӣ нақши калидӣ доранд ва барои такмили идоракунии давлатӣ заминаи устувор фароҳам меоранд.
Ҷонибҳо ҳамзамон раванди омодасозии санади ҳамкорӣ бо e-Governance Academy-ро баррасӣ намуда, иброз доштанд, ки ба имзорасии он ҷалби таҷриба ва донишҳои пешрафтаи аврупоӣ дар самти ҳукумати электронӣ имконпазир хоҳад шуд. Ин санад барои Тоҷикистон имконият медиҳад, ки стандартҳои байналмилалӣ ва таҷрибаи пешқадамро ба низоми рақамикунонии идоракунии давлатӣ ворид кунад.
Ҳамзамон ҷонибҳо омодагии худро барои таҳкими ҳамкории судманд ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаи рақамикунонии иқтисод ва идоракунии давлатӣ изҳор доштанд, ки метавонад таъсири назаррас ба афзоиши самаранокӣ ва шаффофияти идоракунии давлатӣ дар кишвар дошта бошад.
АКС:Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
