Душанбе, 11 апрел, – АИ «Корвон Иттилоот». 8 апрел дар шаҳри Душанбе, дар майдони IT Park Dushanbe, форуми тиҷоратии Тоҷикистону Русия оид ба инноватсия ва рақамикунонӣ бо иштироки намояндагони сохторҳои давлатӣ, бахши хусусӣ ва ширкатҳои технологӣ баргузор гардид. Ин ҳамоиш ҷузъи васеътари миссияи тиҷоратии «Русия — Тоҷикистон. Ҳамроҳ ба сӯи ояндаи рақамӣ» буд, ки бо иштироки сохторҳои соҳавии ду кишвар роҳандозӣ шудааст.

Дар маркази баррасӣ ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои IT, зеҳни сунъӣ ва иқтисоди рақамӣ, инчунин рушди инфрасохтори рақамӣ ва дастгирии экосистемаи инноватсионӣ қарор дошт. Муовини вазири рушди рақамӣ, алоқа ва коммуникатсияи оммавии Русия Сергей Кучушев зимни суханронӣ Тоҷикистонро ба иштироки фаъолтар дар рушди соҳаи IT ва технологияҳои зеҳни сунъӣ даъват намуд.
Таваҷҷуҳи амалӣ махсусан ба таъсиси марказҳои коркарди маълумот равона шуд, ки, тавре интизор меравад, ширкатҳои муштараки Тоҷикистону Русия низ метавонанд аз онҳо истифода баранд. Ин масъала ҳамчун пояи лоиҳаҳои нав ва густариши инфрасохтори рақамӣ баррасӣ шуд. Ҳамзамон Кучушев аз барномаи амалкунандаи «ТОП-ИИ» ёдовар шуд, ки дар доираи он 26 донишгоҳи пешқадами Русия кадрҳои баландихтисосро дар самти зеҳни сунъӣ омода мекунанд.

Дар форум ҳамчунин масъалаҳои стартапҳо, рақамикунонии идоракунии давлатӣ, рушди хизматрасониҳои давлатӣ ва ҷалби сармоягузорӣ матраҳ гардиданд. Дар маҷмуъ, вохӯрии Душанбе нишон дод, ки рӯзномаи рақамӣ ба яке аз самтҳои муҳими наздикшавии иқтисодии Тоҷикистону Русия табдил меёбад — на танҳо дар сатҳи изҳороти сиёсӣ, балки дар шакли қарорҳои мушаххаси инфрасохторӣ.
Акс: Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
