Тоҷикистон ва шарикони байналмилалӣ: вохӯриҳои корӣ дар Лондон – ИА Караван Инфо
Тоҷикистон ва шарикони байналмилалӣ: вохӯриҳои корӣ дар Лондон

Душанбе, 28 феврал, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар шаҳри Лондон, 25 феврал дар доираи сафари ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон, як қатор вохӯриҳои корӣ бо намояндагони ниҳодҳои бонуфузи байналмилалии молиявӣ, сармоягузорӣ ва ҳуқуқӣ баргузор гардид.

Дар мулоқот намояндагони European Bank for Reconstruction and Development (Бонки аврупоии таҷдид ва рушд), Asian Infrastructure Investment Bank (Бонки осиёии сармоягузории инфрасохторӣ), Eurasia Critical Minerals Organisation (Созмони авруосиёии маъданҳои муҳими стратегӣ), MINEX Forum, ҳамчунин ширкати ҳуқуқии байналмилалии Norton Rose Fulbright ширкат варзиданд.

Дар ҷараёни вохӯриҳо масоили ҷалби сармоягузории мустақим, рушди инфрасохтор ва соҳаи энергетика, истифодаи иқтидори маъданҳои муҳим, такмили заминаи ҳуқуқӣ барои сармоягузорон ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ ҳамаҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ин вохӯриҳо ба таҳкими муколама бо шарикони байналмилалӣ, муаррифии имкониятҳои иқтисодии Тоҷикистон ва тақвияти мавқеи кишвар ҳамчун самти боэътимоди сармоягузорӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ мусоидат мекунанд. Аз ҷониби ҳайати Тоҷикистон ҷиҳати дастгирии рушди устувор ва ҷалби сармояи хориҷӣ нақшаҳои мушаххас ва чорабиниҳои амалӣ пешниҳод гардиданд.

Ин мулоқотҳо шаҳодати сиёсати фаъоли кишвар дар сатҳи байналмилалӣ ва омодагии Тоҷикистон барои ҳамкории самаранок бо ниҳодҳои молиявӣ ва сармоягузорон ба ҳисоб мераванд.

АКС: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

error: