Токаев бо сафари корӣ ба Вашингтон омад – ИА Караван Инфо
Токаев бо сафари корӣ ба Вашингтон омад

Вашингтон, 19 феврали соли 2026 АИ «Караван Инфо». Президенти Қазоқистон Қасим-Жомарт Токаев бо сафари корӣ ба Вашингтон омад. Сарвари давлат дар ҷаласаи ифтитоҳии Шӯрои сулҳ иштирок намуда, бо роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва мансабдорони ИМА як қатор вохӯриҳо доир менамояд.

Сафар бо даъвати Президенти ИМА Доналд Трамп аз 18 то 19 феврали соли 2026 сурат мегирад. Таваҷҷуҳи асосӣ дар ҷараёни ҳамоиш ба масъалаҳои муътадил гардонидани вазъ дар Бахши Ғазза, инчунин таҳияи қадамҳои амалӣ оид ба таъмини сулҳ, амният ва дастгирии устувори башардӯстона дар минтақа равона намуда мешавад.

Аксҳо: Акорда

error: