Токаев Ерлан Каринро ба вазифаи ноиби президент пешниҳод намуд - ИА Караван Инфо
Токаев Ерлан Каринро ба вазифаи ноиби президент пешниҳод намуд

Остона, 31 августи соли 2026-АИ «Караван Инфо». Президент Қасим-Жомарт Токаев санаи 31 – уми август дар ҷаласаи умумии Курултай номзадии Ерлан Каринро ба вазифаи ноиби президенти Қазоқистон пешниҳод намуд.

Сарвари давлат таҷрибаи назарраси Каринаро қайд намуд ва таъкид кард, ки ноиби президент бояд бо вакилони Курултай ҳамкории зич дошта бошад ва салоҳиятҳои Пешбининамудаи Конститутсияро иҷро кунад.

Ерлан Карин – шаҳрванди маъруф аст, ки солҳои зиёд дар соҳаи ҷамъиятӣ кор мекунад. Таҷрибааш бузург аст, собиқаи кориашро шумо хуб медонед. Аз ин рӯ, ман фикр мекунам, ки ӯ сазовори он аст. Лутфан ин номзадиро дастгирӣ кунед”, – гуфт Президент ба вакилон.

Ерлан Карин соли 1976 дар вилояти Туркистон таваллуд шудааст. Вай дараҷаи илмии номзади илмҳои сиёсӣ дорад. Дар тӯли солҳои фаъолияти давлатӣ ва ҷамъиятӣ дар соҳаи тадқиқоти сиёсӣ, сиёсати дохилӣ ва таҳлили стратегӣ кор кардааст.

Карин институти тадқиқоти стратегии Қазоқистонро роҳбарӣ менамуд, мушовири Президент ва ёвари Президент, котиби Давлатӣ ва мушовири Давлатӣ буд. Аз моҳи июни соли 2026 вазифаи муовини аввали роҳбари Маъмурияти Президентро ишғол мекунад.

Президент қаблан номзадии Олжас Бектеновро ба мақоми Сарвазирӣ пешниҳод намуда буд.

Аксҳо: Акорда