Токаев пешниҳод намуд, ки амният ва ҳамкории иқтисодӣ дар СҲШ тақвият дода шавад - ИА Караван Инфо
Токаев пешниҳод намуд, ки амният ва ҳамкории иқтисодӣ дар СҲШ тақвият дода шавад

Остона, 02 сентябри соли 2026-АИ Караван Инфо. Президенти Қазоқистон Қасим-Жомарт Токаев дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар Бишкек суханронӣ намуд.

Сарвари давлат қайд кард, ки дар тӯли 25 сол СҲШ аз “Панҷгонаи шанхай” ба як иттиҳодияи бузурги байналмилалӣ табдил ёфт, ки қисми зиёди Авруосиёро фаро мегирад.

СҲШ берун аз мантиқи блокҳои ҳарбӣ – сиёсӣ амал мекунад ва ба ягон давлат равона карда нашудааст. Он ба рӯҳияи Шанхай кори муштарак ба хотири пешрафт асос ёфтааст, — изҳор дошт Касим — Жомарт Токаев.

Президент зарурати таҳкими эътимод ва ҳамкорӣ дар соҳаи амниятро таъкид намуд. Ба гуфтаи ӯ, кишварҳои СҲШ бояд ба терроризм, экстремизм, сепаратизм, тиҷорати маводи мухаддир, ҷинояткории фаромиллӣ ва таҳдидҳои киберӣ бештар муқобилат кунанд.

Токаев ба иқтисодиёт диққати махсус дод. Вай пешниҳод кард, ки ҳамкории тиҷоратию сармоягузорӣ васеъ намуда шавад, консорсиумҳои саноатӣ ва минтақаҳои тиҷорати фаромарзӣ таъсис дода шаванд. Қазоқистон инчунин идеяи таъсиси Бонки рушди СҲШ-ро дастгирӣ намуд ва изҳори омодагӣ намуд, ки қароргоҳи худро дар кишвар ҷойгир кунад.

Сарвари давлат рушди хатсайрҳои нақлиётро афзалияти дигар номид. Қазоқистон пешниҳод намуд, ки платформаи ягонаи рақамии транзити СҲШ таъсис дода шавад ва Стратегияи алоқаи нақлиётӣ то соли 2035 таҳия намуда шавад.

Токаев алоҳида ба зеҳни сунъӣ таваҷҷӯҳ зоҳир намуд. Вай пешниҳод намуд, ки дар зери сарпарастии СҲШ шабакаи марказҳои зеҳни сунъӣ бо иштироки донишгоҳҳо, ташкилотҳои илмӣ ва ширкатҳои технологӣ таъсис дода шавад.

“Қазоқистон омода аст, ки барои ба сатҳи сифатан нав баровардани шарикии бисёрҷониба дар доираи СҲШ саъю кӯшиши зиёд ба харҷ диҳад”, — таъкид намуд Қасим-Ҷомарт Токаев.

 Аксҳо: Акорда